«АЛЛО, ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ?..». Фаъолияти табибони «Ёрии таъҷилӣ» дар ҳолати паҳншавии коронавирус дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Табибон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо намудани аломатҳои коронавирус (2019-nCoV) ҳатман ба хона «Ёри таъҷилӣ»-ро даъват намоянд. Зеро рафтани худи бемор ба шифохона метавонад чандин нафари дигарро зери хатари сироят қарор диҳад.
Дар бораи кори «Ёрии таъҷилӣ» дар вазъияти имрӯза дар шаҳри Душанбе хабарнигори АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА гузориш медиҳад.
«Имрӯзҳо тамоми кормандони «Ёрии таъҷилӣ» дар ҳолати душвор, ба таври шабонарӯзӣ, аз андозаи имконият берун, қариб ки бе истироҳат кор мекунанд. Онҳо чун ҳамеша ба аҳолӣ кӯмаки аввал мерасонанд. То беҳбуд ёфтани вазъиёт чунин ҳолат идома хоҳад ёфт. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки бо пайдо шудани коронавирус ва афзоиши зангҳои телефонӣ бемориҳои дигар низ аз байн нарафтаанд», — гуфт сардухтури ин хадамоти тиббӣ Бобохон АБДУРАҲИМЗОДА дар суҳбат бо мо.
Ӯ мегӯяд, ки дар тӯли 24 соати охир ба «Ёри таъҷилӣ» 137 шаҳрванд муроҷиат намуда, аз ин теъдод 37 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. « Шумораи зангҳои телефонӣ ба мисли рӯзҳои қаблианд , аммо шароит тағйир ёфтааст ва талабот ба кори табибон низ имрӯз дигар аст. Духтурони мо бори аввал бо шахсони гирифтори коронавирус дучор мешаванд. Имрӯз дар қатори беморон бо сактаи дил ва сактаи майна, ҳамчунин мубталоёни коронавирусро низ табобат мекунем»,- шарҳ медиҳад Бобохон Абдураҳимзода.
Ба хотири қадре осон кардани кори табибон, Бобохон Абдураҳимзода аз шаҳрвандон даъват ба амал меоварад, ки қоидаҳои лозимаро риоя созанд. Дар бораи ин тадбирҳо аллакай тамоми ВАО- и ватанӣ ва хориҷӣ дер боз таъкид менамоянд. «Риояи қоидаҳои беҳдошт, пӯшидани ҳатмии ниқобҳо, худдорӣ намудан аз рафтан ба ҷойҳои серодам, ҳамчунин истеъмоли ғизои солим на танҳо шарти асоси саломатии ҳар шахс, балки пирӯзӣ дар набард бо коронавирус мебошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба табобати худсарона оғоз кардан лозим нест. Дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳо дарҳол ба табибон муроҷиат бояд намуд, то аз анҷоми бад раҳо биёбем.» , — гуфт ӯ.









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






