АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА» ИДОМА ДОРАД! Зимни санҷишҳо чандин ҳанноти доруфурӯш, ки нархи маводро ба таври сунъӣ боло бурдаанд, ошкор шуданд

Май 12, 2020 15:51

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат ва қалбакӣ, ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи дорувориҳо ва лавозимоти тиббиро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 6 май ҳангоми гузаронидани санҷиш дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки як зумра соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, бо истифода аз вазъи хуруҷи пандемияи ба вуқӯъомада бо роҳи фиреб кардани истеъмолкунандагон нархи доруҳои зиддивирусиро якчанд маротиба қимат намуда, ба шаҳрвандони алоҳида фурӯхтаанд.

Чунончи, дар натиҷаи хариди санҷишӣ дар дорухонаи №29-и ҶДММ «Шифои Сино», воқеъ дар кӯчаи Ҳилолӣ, 17 маълум карда шуд, ки шаҳрванд Таҷалов Исмоил Бобоназарович, соли таваллудаш 1966, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣ ба фурӯши маводи доруворӣ машғул шуда, 5 адад қуттии дорувории зиддивирусии «Арбидол»-ро, ки нархи як адади он 45-57 сомонӣ дар фурӯш муқаррар шудааст, ба харидори шартӣ бо нархи 250 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1250 сомонӣ фурӯхта, даст ба фиреби истеъмолкунанда задааст.

Ҳамзамон дар натиҷаи азназаргузаронии ин дорухона 4 номгӯй маводи доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шуданд. Ё ин ки зимни гузаронидани санҷиш маълум гардид, ки шаҳрванд Саидов Абдурофеъ Абдумаликович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Сеткина 337, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣдар дохили мошини худ- тамғаи Тойота-Кемри 100 адад ниқобҳои тиббии махсус, 50 адад дорувории  «Левофлаксатсин», 5 адад доруи  «Арбидол», 5 адад доруи «Азитромитсин», 5 адад доруи «Эргоферон»-ро берун аз дорухонаи худ, воқеъ дар хиёбони И.Сомонии ноҳияи Сино нигоҳ дошта, нархи онҳоро ба маротиб зиёд намуда, ба фурӯш гузоштааст.

Дар натиҷаи санҷиши дорухонаи мансуб ба Саидов А.А., инчунин 3 номгӯй доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта, 15 номгӯй доруҳои бе сертификат ва бе ҳуҷҷатҳои расмии воридотӣ дарёфт ва аз муомилот гирифта шуданд.

Ба ин монанд шаҳрванд Ёқубова Гулгунча Давроновна дар дохили мошини шахсияш- тамғаи Тойота-Кемри, қайди рақами давлатиаш 7079 ҒҒ01 ба шаҳрвандон молҳои тиббии махсусро, аз қабили 33 адад қуттии дастпӯшакҳо бо нархи як куттии он 180 сомонӣ, либоси махсуси тиббӣ (скафандр) 55 дона бо нархи 120 сомонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ 80 дона ба маблағи 30 сомонӣ бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардаааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони дар боло зикршуда бо аломатҳои моддаҳои 121 ва 627-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва маҳсулоти дорувории мазкур барои муолиҷаи беморон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Инчунин аз ҷониби гурӯҳи кории прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур  дар ин самт санҷиши прокурорӣ амалӣ карда шуда, муайян гардид, ки шаҳрванд Исмоилов Сафарбек Ҳасанович, соли таваллудаш 1989, оиладор, соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёна, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов 21, хонаи 7, дар дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад бинои 9, ба фурӯши доруворӣ машғул шуда, ба шаҳрвандон 10 қуттӣ доруи навъи «Арбидол»-ро ҳар кадомаш ба маблағи 185-сомонӣ, аз нархи муайяншуда қиматтар фурӯхта, аз он фоида ба даст овардааст. Нисбат ба ӯ бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Май 12, 2020 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд