«ҲАР ШОМ, КИ ОЯД, ЗИ ПАИ ОН САҲАРЕ ҲАСТ…». Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳи беҳтарин ва самараноки пешгирии ҳама гуна бемориҳо

Май 19, 2020 11:09

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои барои ҳамагон душвор маҳз ҳувиятдорӣ, ҷавонмардӣ, худогоҳӣ, кумаки якдигар ва ватандӯстии шаҳрвандони азизамон беҳтарин нушдорӯ аз ҳама гуна бемориҳо мебошад.  Агар мову Шумо боз ниқоби тиббӣ пӯшида, пеш аз хӯрок ба варзиш машғул шавем,  аз ҳама дарду балоҳо эмин хоҳем буд. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

— Маълум аст, ки имрӯз давлати  мо ҳам дар баробари дигар кишварҳои  ҷаҳон олудаи «вабои аср» гардида, мардуми мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, алайҳи аз байн бурдани авҷгирии бемории COVID — 19 корҳои зиёдеро роҳандозӣ карда истодаанд, — изҳор намуд Абдураҳмон Муҳаммад зимни суҳбат. —  Пешвои миллат бо дарки масъулияти бузурги миллӣ аз нахустин рӯзҳои ба ин бемории сирояткунанда рӯбарӯ шудани мамлакат боз як бори дигар чеҳраи сиёсии худ: ҷонфидоӣ, шуҷоатмандӣ, ба даст гирифтани масъулияти ҷониву рӯҳии миллатро  нишон дода, дар яке аз суханрониҳо изҳор доштанд, ки «вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммулпазир бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои ҳассос, душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад».

Бояд гуфт, ки нишонаҳои ин беморӣ хеле гуногунанд, ки табибони ҳозиқи мамлакат бо тамоми ҳастии худ ба муқобили он мубориза доранд. Ду ҳафта зиёдтар мешавад, ки дар шабакаҳои телевизионӣ табибони тоҷик аз донишу таҷрибаи кори худ истифода намуда, бо   оид ба  роҳҳои  эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон  аз ин беморӣ маслиҳатҳо дода истодаанд. Ҳамшираҳои шафқат, занҳои шуҷои тоҷик чун дар майдони ҳарбу зарб бо пешниҳоди қоидаҳои беҳдоштӣ ва поккорӣ ҳиссагузорӣ менамоянд. Мехоҳам ба онҳо бо чунин суханон муроҷиат намоям: аҳсан ба модари тоҷик,  ба хоҳари тоҷик,  ба шумо, азизони дилу дидаву ҷони миллат, ки бо матонат алайҳи ин вабои аср дар баробари мардон истодагарӣ доред! Шуҷоат ва  самимияти  шумо   ин саодати миллат аст. Мардуми Тоҷикистон ба шумо эътимоду эҳтироми хосса доранд ва бо шумо фахр мекунанд!

«Аслан инсон сохта ва фарзанди одоту маънавиёти худ мебошад, на фарзанди табиату мизоҷи хеш. Ва ҳар чи дар одобу русуми мухталиф унс гирад, то он ки хӯю малака ва одати ӯ шавад, саранҷом ҳамон чиз ҷонишини табиат ва сиришти ӯ мешавад ва агар ин вазъро дар мардум мавриди диққат қарор диҳем, намунаҳои саҳеҳ ва бисёре аз онро хоҳем дарёфт» — менависад Ибни Халдун.

Имрӯз вақти он расидааст, ки аз бисёр расму русум ва одати шарқӣ канорагирӣ карда тавонем ва саодати худро бештар дар муттаҳидӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва сарсупурдагӣ ба миллату давлат донем.

Мардуми тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо борҳо бо чунин бемориҳо рӯбарӯ гардида, онҳоро на танҳо бартараф намудаанд, балки тамоман аз байн бурдаанд. Ин муборизаи  табиат, инсон ва ҷомеа аст ва  инсонро  мебояд бо ақли солим ба ҳар гуна ноумедиҳо дастболо шавад. Дурӣ ҷустан аз анбӯҳи одамон, иҷро намудани талаботи гигиенӣ, аз тарсӯӣ рӯй тофтан, ба худ бовар доштан, тозагӣ ва поккорӣ омилҳое мебошанд, ки  имунитети  шуморо қавӣ мегардонанд.

Ин беморӣ, ба ибораи Абубакри Розӣ, «тангии нафас меорад, даҳонро бадбӯ мекунад ва бемор дучори афсурдагӣ мешавад ва дар даруни худ андӯҳ ва нигаронӣ ва барафрӯхтагии сахт ва ташнагӣ ва низ сармо дар пиромуни худ эҳсос менамояд ва боло меоварад ва пасмондаҳои палид дар пехоли эшон ба ҷо гузошта мешавад. Шоиста аст, ки … хонанишин шавад ва аз ҳавои сард бигрезад ва ба облоиши рӯзонаи хона ба василаи оби омехта бо сирко бипардозад».

Шарҳу пешгирии чунин бемориҳои сатҳи оммаи мардум аз ҷониби шайхурраис Ибни Сино  низ бо истифодаи гиёҳҳои гуногун ва хонанишинӣ (карантин) кардани одамон, беҳдошти муҳити зист, дурӣ ҷустан аз ҷамъомадҳо, риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ ва дигар усулҳои табобатӣ пешбинӣ карда шудааст. Умуман, дар маҷмӯъ, табибон ва чеҳраҳои мондагори илму дониши мо ҳамеша тавассути ақлу заковат, шуҷоату истодагариҳо бартарӣ ва бузургии худро нисбат ба ҳама гуна бемориҳо  борҳо собит намудаанд вас обит хоҳанд сохт.

Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ мардуми мо дар баробари амалҳои созанда   боз ба чандин масъалаҳои номатлуби ҷомеа рӯбарӯ гардиданд, ки шуҷоатмандона аз уҳдаи бартараф намудани онҳо баромада тавонистанд. Маълум аст, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ қисме аз мардумони мамлакат бо ду бало, бо ду бемории вабо рӯбарӯ гардиданд, ки аз хотираи таърихӣ дур нахоҳад монд. Ин вабоҳо агар, аз як ҷониб, демократмаобону исломгароён ҷумҳуририро ба балои нави мансабталошӣ гирифтор карда бошанд, аз ҷониби дигар роҳҳоро аз бисёр минтақаҳои ҷануби мамлакат банд карда буданд. Дар натиҷа доду гирифти маҳсулоти  кишоварзӣ, орду гандум ва дигар маводи  мавриди ниёдии аввал қатъ карданд, ки ин боиси хуруҷ ёфтани домана, табларза ва заҳролуд шудани  сокинони  баъзе ноҳияҳои мамлакат  гардид. Шояд дар тамоми ҳаёти бошуурона чунин бадбахтӣ, нотавонбинӣ ва одамбадбинии мансабталошону дасисабозони маҳалчию ифротгароёни исломиро надидаю нахондаю нашунида будам. Чӣ илоҷ, ки табиати инсон хеле мураккаб ва пуртаззод будааст.

Аммо миллати бузурги мо ин ҳама сахтиҳои зиндагиро  таҳаммул ва паси сар карда тавонист. Шумо тасаввур кунед, ки аз асри Х то расидан ба соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик мисли як сайд, мисли як ғизоли рамида ҳамеша мавриди шикор қарор дошт. Гоҳе ӯро аз хонааш, гоҳе аз заминаш, гоҳе аз обшорони паҳнбару кӯҳҳои сар ба фалак ноошноён таъқиб мекардаанд, аммо ин ҳама асаре надошт.

Имрӯз сар задани «пандемия» — авҷгирии бемории сироятноки COVID — 19 вазъи эпидемиологиро мураккабтар гардонида бошад ҳам, аммо дигар рӯҳи шикастнопазири ин миллатро касе халалдор карда наметавонад. Миллати мо дар масири таърих худро ташаккул дод, рӯҳу равон, ҷисму ҷонашро ба давлату забону фарҳангаш мутобиқ карда тавонист. Дигар тарсу ваҳм, туҳмату буҳтонҳои сиёсӣ пеши роҳи муборизаро ба муқобили «пандемия» гирифта наметавонад. Итминони комил дорам, ки аз ин имтиҳони таърихӣ, аз ин вабои аср мову шумо бо сарбаландӣ баромада метавонем. Маҳз ҳувиятдорӣ, ҷавонмардӣ, худогоҳӣ, кумаки якдигар ва ватандӯстии шаҳрвандони азизамон беҳтарин нушдорӯ аз ҳама гуна бемориҳо мебошад. Агар боз мову шумо ниқоби тиббӣ пӯшида, пеш аз хӯрок ба варзиш машғул шавем, ин амалҳо нигаҳбони тандурустӣ ва роҳи самараноки пешгирии ҳама гуна бемориҳо мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии мубталоёни ин беморӣ суннати деринаи мост, ҳамзамон мо бояд барои пешгирии ин беморӣ ҳамеша омода ва ба фардои миллати хеш боварӣ дошта, ба ҳаёти осоиштаву хуррам эътиқодманд бошем. Шиори «дил ба ёру даст ба кор» ва истифодаи самараноки вақт барои ҳар яки мо бояд қимати арзанда дошта бошад. Ва аз ёд набарем, ки шоираи шаҳири классики тоҷик Зубунисо фармудааст:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст!..

Май 19, 2020 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд