Ба хотири таъмини солимии сокинон дар маркази Суғд корҳои тамизкунӣ пурзӯр гардидаанд

Май 19, 2020 10:09

ХУҶАНД, 19.05.2020. /АМИТ Ховар/. Имрӯзҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, таъмини солимии сокинон ва беҳбуд бахшидан ба фазои экологӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ пурзӯр гардонида шудаанд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома хоҳанд ёфт.

Корҳои безараргардонӣ асосан шабона бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо, хосатан, дар ҳудуди кўчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва якчанд микроноҳияҳо роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамарӯза дар маҳаллаҳову корхона ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамзамон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус талаботи қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд,     худ ва атрофиёнро эҳтиёт намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Май 19, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад