COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тамоси шабонарӯзӣ фаъол гардид
ХУҶАНД, 19.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 таъсис ёфта, фаъолияти он шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи он сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус мебошад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳамзамон дар назди Раёсати тандурустии вилоят бо телефони кӯтоҳи 211 ё 83422-5-54-50 ва 83422-6-08-65 Маркази тамос шабонарӯзӣ фаъол аст. Ҳоло баҳри баррасии муроҷиати саривақтии сокинон дар назди тамоми марказҳои саломатии шаҳр телефонҳои боварӣ ва алоқаи видеоӣ низ тариқи шабакаи IMO роҳандозӣ гардидаанд, ки сокинони шаҳр дар сурати ба миён омадани зарурат оид ба гирифтани маслиҳат, ташхис, бистаригардонӣ ва мушкилоти саломатии худ метавонанд бо он тамос гиранд.
Ҳамзамон аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ бо ҷалби табибон ва ҷавонону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ марказҳои иртиботӣ таъсис гардидаанд, ки шаҳрвандон метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






