COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тамоси шабонарӯзӣ фаъол гардид

Май 19, 2020 15:08

ХУҶАНД, 19.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии  бемории сироятии COVID-19 таъсис ёфта, фаъолияти он шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи он сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус мебошад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳамзамон дар назди Раёсати тандурустии вилоят бо телефони кӯтоҳи  211 ё   83422-5-54-50 ва 83422-6-08-65  Маркази тамос шабонарӯзӣ фаъол аст. Ҳоло баҳри баррасии муроҷиати саривақтии сокинон дар назди тамоми марказҳои саломатии шаҳр телефонҳои боварӣ ва алоқаи видеоӣ низ тариқи шабакаи IMO роҳандозӣ гардидаанд, ки сокинони шаҳр дар сурати ба миён омадани зарурат оид ба гирифтани  маслиҳат, ташхис, бистаригардонӣ ва мушкилоти саломатии худ метавонанд бо он  тамос гиранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ бо ҷалби табибон ва ҷавонону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ марказҳои иртиботӣ таъсис гардидаанд, ки шаҳрвандон метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд.

Май 19, 2020 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд