COVID-19. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» маводи тиббӣ дастрас намуд

Май 28, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин намудани беморон бо маводи тиббӣ, пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси  нави COVID-19 ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» маводи тиббӣ дастрас намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавод ва таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои алоҳида ба Тоҷикистон ворид мегарданд, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат  дастрас карда мешаванд. Ҳоло дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» тамоми  маводи тиббии зарурӣ захира шуда, ба беморон тақсим карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  муассисаҳои тандурустии мамлакат бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ пайваста таъмин мегарданд.

Май 28, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон