Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро набояд нодида гирифт»

Май 18, 2020 11:13

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти хатарзои бавуҷудомада дар баробари гирифтории мардум ба вабои аср-  СOVID–19 дар расонаҳо, хусусан дар Фейсбук сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба андешаи ман аксаран  бисёр сатҳӣ ва аз сари эҳсосоту изтироб, баъзан аз содагиву нофаҳмӣ  ва ҳатто баъзан бо таъсири ангезишҳои иғвобарангез ва душманона рӯ мезананд.

Ба ин зуҳурот аҳамият додану дахолат кардани бандаро сабаб ин аст, ки нисбат ба  халқи азизу  сарзамини  худ дар ин вазъияти душвор бетафовут  буданро хиёнат нисбат ба  Ватан ва халқи худ меҳисобам.

Аввалан, ин замоне нест, ки мо ба изтироб ва эҳсосот дода шавем. Дар чунин  замони ҳассос дода шудан ба изтироб ва  эҳсосот ҳаргиз раҳбалади неки мо  нахоҳад буд, балки, баръакс, масъалаҳоро боз ҳам печидатар мегардонад. Ин ҷо  ҳар кору рафтори мо бояд такя ба андеша ва таҳаммул дошта бошад.

Мусаллам аст, ки вақте балое нобаҳангом бар сари мардум меояд, фақат ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, бо ҳам будану аз як гиребон сар баровардан метавонад моро наҷот диҳад. Намешавад, ки ҳар кас аробаи худро бигираду ба сӯе бигурезад. То куҷо хоҳад гурехт, зеро пушту паноҳи ҳамдигар танҳо худи моем, на каси дигару на ҷои дигар. Аз ин рӯ шарти асосӣ якдилии халқу ҳукумат, якдилӣ дар саросари мамлакат ба манфиати Ватан аст.

Бубинед, агар пеши раҳи воҳимаҳои рӯзҳои аввал гирифта намешуд, агар мо ба воҳимаҳо роҳ медодем ва мардумеро, ки ҳарисона бо тарсу таҳлукаҳо ба мағозаву бозорҳо ҳуҷум овардаву тоҷирон дар як он нарху наворо якчанд баробар баланд бардоштанд, ором намекардем, дар дили онҳо умед ва эътимодро барқарор намекардем, имрӯз ба чӣ натиҷаҳои шигифтангез мерасидем? Ин иқдоми аввалин ва дурусте буд, ки аввал мардумро ба оромӣ овард, то фаҳманд, ки захира кардани маводи хӯрокворию ҷамъ овардани ғизо ҳанӯз роҳи наҷот нест, балки мушкилиҳои бештареро аз гароншавии нарху наво то ба исрофкорӣ, парокандагиву нобоварӣ ба худ ва ҳамдигар меораду халос. Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист ин корро кунад, яъне мардумро ором созад ва бояд гуфт, ки аксари расонаҳо низ дар иҷрои он саҳм гузоштанд.

Баъдан, маҳз иқдомҳои саривақтӣ ва дурусти Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва кишоварзони мамлакат буд, ки дар тамоми шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ  фавран ба кишту кор оғоз кардаву дар кӯтоҳтарин муддат ҳосили хуб гирифта, нархҳоро, то ҷойе имкон дорад, поён фуроварданд. Бубинед, нархи картошкае, ки то ба даҳ –понздаҳ сомон расида буд, имрӯзҳо ба 4 — 4,5 сомонии муқаррарӣ паст фаромад. Ҳосили нав нархи  пиёзро  ҳам поён бурд. Айни ҳамин суханҳо ба нархи маводи дигари мавриди ниёзи аввал низ дахл дорад.

Иқдоми хуби дигар таъсиси ярмаркаҳо, хусусан дар пойтахти ватанамон — шаҳри Душанбе буд, ки то имрӯз давом дорад. Ин иқдоми саривақтӣ  на танҳо пеши роҳи болоравии нархро гирифт, балки давоми тамоми моҳи шарифи  Рамазон дар ин ярмаркаҳо нархҳо хеле поинтар аз нархи мавҷуда шуданд, ки ин падидаи нек аст, зеро одатан нарху наво дар ин моҳи шариф аз тарафи ҷаллобон ва қаллобон  баланд бардошта мешуд. Масалан нархи гӯшт, ки ба 54-55 сомонӣ расида буд, дар ин ярмаркаҳо ҳафт сомонӣ арзонтар- ба 48  сомонӣ ва ҳатто аз ин ҳам пасттар поин оварда шуд. Нархи мурғе, ки дар мағозаҳо 37 сомонӣ  мебошад, дар ярмаркаҳо  ба 20 сомонӣ паст фароварда шуд ва боз чӣ хел мурғ, —  мурғҳои лазили дасткуши тозаи  Файзобод, Ҳисор ва Ваҳдат! Дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти дигар: равғани растанӣ ва зироати полезӣ  ҳамарӯза бо нархи аз бозору мағозаҳо  арзонтар фурӯхта мешаванд. Оё метавон ин иқдомҳоро нодида гирифту ношукрӣ кард?

Вазниниҳое, ки имрӯзҳо пешорӯи мамлакати мо қарор доранд, рафъшавандаанд, ҳарчанд кишвари мо захираҳои бузурги табиие, мисли нефту газ, ки манбаи даромадҳои ҳангуфт аст, надорад. Тоҷикистон тоза дар пайи рушди саноати худ афтодаву он имкониятҳои фаровонеро, ки дигар кишварҳо доранд, надорад. Аммо халқи мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро  бо  ваҳдату дастгирии ҳамдигар пушти сар кардааст ва  ман аминам, ки хираду таҳаммулпазирӣ ва сиришти ҳунармандонаву заҳматпарасти  халқамон боз ҳам ӯро наҷот хоҳанд дод.

Ҳадафи банда аз ин суханҳо он аст, ки мо дар чунин вазъияти  вазнин, агар хоҳем наҷот ёбем, бояд дар атрофи давлати соҳибистиқлолу Ҳукумати ҷумҳуриамон муттаҳид бошем. Танҳо ҳамин ягонагӣ моро метавонад наҷот бидиҳад.

Аз ин рӯ, эй азизон, биёед ба иғвоҳо,   воҳимаҳо, тарсу ҳарос, ки имрӯз  ин ҳама душмани ҷони миллати моянд, дода нашавем! Биёед, барои наҷоти Ватани худ,  модару фарзандон ва пайвандони худ дар атрофи Давлат ва Ҳукуматамон муттаҳид шавем, зеро пирӯзии миллати мо танҳо дар ҳамин ягонагӣ ва ваҳдати миллист.

Коронавирус ҳанӯз доруе, ки барояш марговар бошад, надорад. Доруи ягонаи он эҳтиёт ва риояи тамоми фармудаҳои табибон, тозагиву покизагиест, ки бе ин ҳам хонаводаҳои шарифи тоҷик онро умрҳо риоя мекарданд. Мо, ворисони бузургтарин табибони оламем. Яке аз ғанитарин ва қадимитарин шохаи тибби ҷаҳонӣ  маҳз дар ҳамин  сарзамини биҳиштии мо сабзидаву шукуфо гаштаву боровар шудаааст. Тибби қадими мо аз сарчашмаҳои аввалини худ -шоҳасарҳои беназири Ибни Синову Закариёи Розӣ ва дигар намояндагонаш дар ганҷинаи тамаддуни башарият мақоми боифтихор ва арзандатарин ишғол менамояд.  Хусусан, Абӯалӣ Сино аз нахустин олимонест, ки дар ҳамин қаламрав бо вируси маргафшони вабо ҷоннисорона мубориза бурдаву бар он пирӯз омадааст. Ман аминам, ки авлодон, шогирдон ва пайравони Сино имрӯз низ дар ин майдон пирӯзӣ ба даст меоранд.

Бисёр муҳим аст, ки  дар ин даврони ҳассос ҳар яки мо манфиатҳои шахсиямонро сӯйе гузошта,  манфиатҳои миллату халқамонро пайгирӣ кунем. Имрӯзҳо роҳ додан ба ҳирсу нафси бад, суд ҷустан аз беморон, дидаву дониста фиреб додани онҳо хиёнатест нобахшиданӣ. Мо медонему мебинем, ки бисёре аз табибони ҳозиқу садоқатманди мо, хусусан ҳамшираҳои ҷоннисори шафқат, кормандони миёна ва хурди тиб ҷони худро дар хатар гузошта,  шабу рӯз фидокоронаву садоқатмандона барои наҷоти беморон мубориза мебаранд. Саламно ба онҳо!

Аммо, мутаассифона, табибон ва мутахассисони  дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки на ба манфиати беморон, балки ба манфиати шахсии худ ва бар зарари беморон кор мекунанд. Онҳо ба беморон доруҳоеро менависанду харидани онҳоро вомедоранд, ки аслан зарурат надоранд ва ҳатто дар ин марҳила зиёноваранд; бо нархҳои гарон гузаштани дастгоҳҳои рентгениеро вомедоранд, ки дар ташхиси ин беморӣ зарурате надоранд. Ин амалиёташон ба ҷуз ғорати беморони бечора ҳадафи дигаре надорад. Дар ин хусус худи табибони баинсоф – мутахассисони  варзидаи мамлакат бо тақозои виҷдон маҷбур буданд, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ сухан  рондаву  мардумро огоҳ намоянд.

Ба ин муносибат пешниҳод мекунем:  он комиссияҳои назоратие, ки дар аксари соҳаҳо вуҷуд доранду барои гирифтани пеши роҳи вайронкориҳо  амал мекунанд, дар соҳаи тандурустӣ ҳам таъсис дода шаванд, то пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро бигиранд.

Коронавирус имтиҳони навбатиест бар сари башарият ва миллате чунин некоин, озодаву озодаманиш, хайрхоҳу башардӯст, мисли тоҷикон. Ман аминам, ки миллати мо чун ҳамеша бо  сари баланд ва сиёвушвор  онро дилпуронаву сарбаландона пушти сар хоҳад кард.

 

Камол  НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Май 18, 2020 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад