Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» дар ҳудуди мамлакат аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони маҳаллаҳои Бӯстон ва Наврӯзи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар дигар кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур хабар доданд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро маризии ҳамагири сироятӣ фаро гирифтааст, ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва талаботи тиббӣ аз ҷониби ҳар шахс муҳим ва зарурист.
Омили дигари пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироят нашудан ба ҳар гуна маризиҳои хатарнок худдорӣ кардан аз маконҳои серодам ва безарурат набаромадан аз хона мебошад.
Чунин вохӯриҳои судманд дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ, ки боигарии асосии давлат аст, минбаъд низ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатӣ аз тарафи масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






