ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба фонди КОВИД-19 беш аз 50 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонд
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ беш аз 50 ҳазор сомонӣ ба фонди КОВИД-19, ки барои ба табобат фаро гирифтану муолиҷа намудани сироятёфтагони ин вирус равона гардидааст, кумак намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақомоти мазкур ин иқдомро дар пайравӣ ба ташаббуси хайрхохонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 роҳандозӣ намудааст.
«Ҳамзамон кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки охири моҳи май музди маоши чанд рӯзаи кории худро ба фонди мазкур гузаронанд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.
Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






