Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Май 8, 2020 19:47

ДУШАНБЕ, 08.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 08-уми майи соли 2020, соати 18.00 дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст.

Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони ҶҚ ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 га замини тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.

Сарҳадчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд,  нақши иғвогарона  бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи  Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор гардиданд.

Дар натиҷаи чораҷӯиҳои ду ҷониб, васеъшавии низоъ пешгирӣ карда шуд.

Байни тарафҳо – сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб баҳри пурра ба эътидол овардани вазъият гуфтушунид идома дорад.

       Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Май 8, 2020 19:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид