Мутахассисони шаҳру вилоятҳо ҷиҳати ташхиси COVID-19 ба даври омӯзишӣ фаро гирифта шуданд

Май 20, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ташхиси коронавируси COVID-19 давраи омӯзишӣ оғоз шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давраи омӯзишии мазкур аз 20 то 24 май идома ёфта, мақсад аз он  пешгирӣ, ташхис ва мубориза бо коронавируси нав мебошад.

Дар ҳамоиши  омӯзишӣ сармутахассиси вирусологии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Фая Тишкова ва мутахассиси озмоишии минтақавии USAID Замира Байдуллоева вобаста ба ҳадафҳои асосии пешгирӣ, ташхис ва мубориза ба коронавирус сухан карда,  тарзи дуруст ташхис намудани бемории COVID-19-ро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Инчунин аз ҷониби мутахассисони «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ва корҳои практикӣ пешниҳод шуда, бо иштирокчиён муҳокимарониҳои судманд доир гардид.

Ҳамоиши омӯзишӣ бо супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир шуда, дар он мутахассисони соҳавӣ- 4 нафар аз шаҳри Душанбе, 4 нафар аз шаҳри Кӯлоб, 4 нафар аз шаҳри Бохтар ва 6 нафар аз шаҳри Хуҷанд иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки  рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд озмоишгоҳҳои махсус ҷиҳати ташхис намудани мавҷудияти коронавирус COVID-19 барқарор карда мешаванд.

Май 20, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад