ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Май 14, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои сел пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат  борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 17+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борони сел дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 14+19  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

 

Май 14, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе