Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд

Май 28, 2020 18:27

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар идомаи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.

Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Толори Кохи фарҳанг, ки дорои 510 ҷойи нишаст мебошад, бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Толори мазкур бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити хуб барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин шудааст.

Иншооти фарҳангӣ бо ҷалби 150 нафар сохтмончии маҳаллӣ бунёд гардида, дар вақти иҷрои корҳо талаботи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Коргарон ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои солҳои зиёд хизмат намудани он кафолат медиҳанд.

Таҷҳизоти муосири тақвияти овоз, созҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги шаҳр таъмин карда шудааст.

Дар кохи навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ ва пардозкунӣ барои ҳунармандон мавҷуд буда, онҳо низ бо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошад.

Дар баробари толори бошукуҳ Кох ҳамчунин дорои толори рақс, маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо фарогирии 5 ҳазор нусха китобҳои гуногун ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар бинои мазкур бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Бахши ҷавонон ва варзиш, Театри халқии шаҳри Бохтар, рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар”, ансамбли рақсии кӯдаконаи “Ситора”, маркази фарҳангии “Ҷавонон” Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон низ ҷой дода шуда, бо назардошти талаботи кормандон ҳар як ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Баъди мавриди истифода қарор додани Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид.

Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари шаҳри Бохтар 50 адад сози мусиқии миллӣ туҳфа карда шуд, ки ин омил дар тақвият ёфтани ҳунару маҳорати санъаткорон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Дар атрофи Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонида шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Зебоии иншоотро дар шаб чароғҳои равшанидиҳандаи замонавӣ таъмин мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор гирифтани боз як иншооти боҳашамати фарҳангиро, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои баландмазмуни эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинову иншооти иҷтимоии бунёдшаванда, аз ҷумла тарҳи Гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муаррифӣ карда шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар аксари кулли иншооти банақшагирифташудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бо риояи талаботи ҷории соҳаи меъморӣ шумораи зиёди сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои Гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ масоҳати 1,2 гектар замин ҷуда гардида, дар он бунёди муҷассама, мақбара ва хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо бунёд гардидани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, варзишгоҳ барои 15000 ҷойи нишаст, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои хизматрасонию маишӣ ва дигар иншооти муҳиму зарурӣ симои деҳот комилан тағйир ёфта, дар ин замина шароити боз ҳам беҳтару хубтар барои сокинон фароҳам хоҳад омад.

Бунёди иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пеш гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда масъулони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро муваззаф намуданд.

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар шаҳри Бохтар 28.05.2020

Май 28, 2020 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд