Раиси вилояти Суғд ба беморхонаи шаҳри Конибодом маводҳои тиббӣ дастрас намуд

Май 11, 2020 10:32

 ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи марказии шаҳри Конибодом корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморон дастрас карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 10 май дар шаҳри Конибодом Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳр мулоқот намуда, аз шароити кори духтурон, таъминот бо доруворӣ, маводҳои антисептикӣ ва либосу таҷҳизоти муҳофизатӣ пурсон шуд.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар беморхонаи марказ шаҳри Конибодом 11 нафар бо бемораи коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд. Барои муолиҷаи беморон дорувории зарурӣ мавҷуд буда, духтурон бо либосҳои фаврии якчандкарата ва махсус таъмин ҳастанд. Ҳамчунин онҳо бо шароити зарурии буду бош ва се маҳал хӯроки серғизо таъмин мебошанд.

Раиси вилоят дастур дод, ки роҳбарияти шаҳр табибонро ҳавасманд ва дастгирӣ карда, барои пешгирӣ аз паҳншавии Covid- 19 дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотӣ ва пешгирикунанда мунтазам бурда шаванд.

Май 11, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд