Сабаби сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус — расиши ноқилҳои барқӣ

Май 26, 2020 08:16

ДУШАНБЕ, 26.05.2020. /АМИТ Ховар/. Сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ   тибқи хулосаи пешакӣ, расиши ноқилҳои барқӣ будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти молӣ гардид.

Барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш гардид.

Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 12 мағозаи хӯрокӣ, 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.

Ҳамзамон хатари паҳншавии оташ ба биноҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк», ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ гардид.

Май 26, 2020 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад