СОVID-19. Дар Деваштич муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ Ховар/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Деваштич бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Нахуст сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи мазкур оид ба пешгирии бемории коронавирус (СОVID-19) маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода таъкид намуд, ки бо вуҷуди нисбатан кам будани мубталоёни бемории коронавирус дар ноҳия бояд аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба пешгирии бемории СОVID-19 дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ноҳия корҳои безараргардонӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд. Имрӯзҳо аз тарафи Давлату Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ барои мубориза бо ин беморӣ ҷудо карда шуда, ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатии ноҳия маводи зарурӣ харидорӣ шудаанд. Ҳамзамон аз ҳисоби ҷавонон ва занҳо бояд гурӯҳи корӣ (волонтёрҳо) ташкил карда шавад, то ба духтурҳои оилавӣ ёрии амалӣ расонанд ва гардиши хона ба хонаро пурзӯр намоянд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода сухан гуфтанд.
Сипас, гурӯҳи корӣ аз вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ҳудуди ноҳия дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар сохтани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия гурӯҳҳои ихтиёрии маҳаллӣ таъсис дода шуда, дар даромадгоҳҳои асосии ноҳия ва ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои дидбонгоҳ ташкил карда шудаанд. Гурӯҳи ихтиёриён тозагӣ ва ҳифзи муҳити зистро назорат намуда, ҷиҳати истифодаи ниқобу дастпӯшакҳо, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда, безараргардонии нақлиёт ва бо тепловизор санҷидани ҳарорати бадани одамон гузаронида мешавад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






