Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои эҳтиёт дар фасли тобистон
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ Ховар/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Ҳарорати ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болотар аз 42 дараҷа бошад. Болоравии ҳарорати ҳаво сабаби он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳою пиряхҳо об шаванд ва ин ҳама сабаби резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад.
Аз ин рӯ Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо аз эҳтиёт кор гиранд.
Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ба хотири риояи бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя намоянд:
- Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар ҳарорати ҳаво паст шуда бошад, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта, агар ин бехатар бошад;
- Ҳангоми шамол додани хона кӯдаконро беназорат нагузоред;
- Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифодаи нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;
- Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;
- Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор ё ҷойи дигар мераванд;
- Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро онҳо манбаи аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин сабаби паст шудани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;
- Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;
- Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;
Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об ва оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.
Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд, дар гармо чӣ бояд кунанд?
- Ҳамеша доруҳои таъйиншударо бояд бо худ дошт.
- Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъйин кардааст, истеъмол намуд.
- Бо худ бояд оби бегаз дошт.
- Рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
- Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
- Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
- Либосҳо аз матои табиӣ пӯшед.
- Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
- Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
- Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 8802819; 223-13-11 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!








Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб






