«Тоҷикгидроэлектро-монтаж» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизот кумак намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» шумораи муайяни таҷҳизотро барои эҳтиёҷоти кунунии соҳаи тиб ба Тоҷикистон таҳвил дода, ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахт ба таври ройгон супорид. Ҳаҷми кумаки имрӯзаи расонидаи ширкат 1,5 миллион (як миллиону 500 ҳазор) сомониро дар бар гирифтааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати мазкур хабар медиҳад, шумораи умумии таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) 10 ададро ташкил додааст.
Ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бо дарки баланди масъулият ва ҳисси меҳанпарастӣ дар як муддати кӯтоҳ дафъаи дуюм аст, ки иқдоми эҳсонкорона нишон медиҳад.
Моҳи апрели имсол ширкати мазкур аввалин шуда, 20 000 (бист ҳазор) адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 (даҳ) адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 (панҷ сад) маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим намуд.
Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат иттилоъ дод, ки маводи мазкур тавассути беморхонаҳои шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад.
Таҷҳизоти дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати анҷом додани фаъолияти пурмасъули табибон мусоидат мекунад.
Намояндаи ширкат зикр намуд, ки иқдоми анҷомдодашуда ҷавоб ба дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ ба шумор меравад.
ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» миёни дигар ширкатҳои ватанӣ аввалин шуда, ба чунин иқдоми башардӯстона дар дастрас намудани кумак ба сокинони мамлакат даст задааст ва итминони комил дорем, ки дигар соҳибкорони ҷумҳурӣ ин ташаббуси ватандӯстонаро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард.
Имрӯз, ки соҳаи тиб ба пандемияи бемории сироятии COVID-19 рӯ ба рӯ гардидааст, ҳамаи моро зарур аст сарҷамъона барои ҳифзи тандурустии мардуми Тоҷикистон мубориза бурда, қоидаҳои солим нигоҳ доштани онро риоя намоем.
Ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ иқдомҳои эҳсонкориро идома дода, бо пайравӣ аз ибтикороти хайру эҳсонкории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






