«ТОҶИКИСТОНИЁН БОЯД БИДОНАНД, КИ МО ҲАМЕША ОНҲОРО ДАСТГАРӢ МЕКУНЕМ ВА БА ОНҲО МАДАД МЕРАСОНЕМ!». Чунин иброз доштааст роҳбарияти итолиёвии Ширкати «Салини Импреҷило»
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати сохтмонии «Салини Импреҷило»-и Италия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 000 ниқобҳои тиббӣ барои рӯй, 1000 респиратор, 500 ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 10 000 ҷуфт дастпӯшҳо, 1000 ҷуфт айнак, 200 литр хлор кумак намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Роҳбарияти ин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки дар ин рӯзҳои барои мардуми Тоҷикистон душвор, ки бар асари паҳншавии вируси «COVID-19» ба миён омадааст, онҳо дар канор буда наметавонанд. Ширкат кӯшиш менамояд, ки дар барқарор намудани саломатии сироятёфтагони ин беморӣ ва пешгирии ин бемории сироятӣ саҳми арзанда гузорад. Онҳо таъкид намуданд, ки тоҷикистониён бояд бидонанд, ки мо ҳамеша дастгиру мададрасони онҳоем»,- хабар медиҳад манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки ширкати сохтмонии «Салини Импреҷило» дар сохтмонии Неругоҳи барқи обии Роғун фаъолият намуда, кӯшишҳои Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии «COVID-19» дастгирӣ мекунад ва , дар ин самт ёрии худро дареғ намедорад.
Роҳбарияти ширкати сохтмонии «Салини Импреҷило» тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «COVID-19» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.
АКС аз бойгонӣ








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






