Тоҷикобод: панҷ коргоҳи дӯзандагӣ бо нархи арзон ба аҳолӣ ниқоби муҳофизатӣ пешниҳод намуданд

Май 13, 2020 16:30

ТОҶИКОБОД, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод 5 коргоҳи дӯзандагӣ ба дӯхтани ниқобҳои  муҳофизатӣ машғуланд, ки то имрӯз ба  сокинони ноҳия зиёда аз 20 ҳазор дона  ниқоб  бо нархи 2 сомонӣ пешниҳод намудаанд. Дар асоси супориши раиси ноҳия  коргоҳҳои дӯзандагӣ вазифадор гардидаанд, ки  барои пешгирии сокинон аз сироятёбӣ истеҳсоли ниқобҳоро бештар ба роҳ монда, аҳолиро бо ниқобҳои сифатан хуб ва арзони  тиббӣ таъмин намоянд.

Ин нукта зимни баргузории маҷлиси ситоди ноҳиявӣ оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ вобаста ба  пешгирии бемории коронавируси  COVID-19 иброз гардид. Зимни маҷлис раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти ин беморӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода, гуфт, ки “ҳоло ин бемории марговар дар тамоми олам паҳн гардида, то ба давлати мо низ омада расидааст. Ин ҳолат бояд ягон фарди ҷумҳуриро ором нагузорад ва мо низ чун дигар мардуми дунё  бо истифода аз тамоми имконот дар баробари ин вабои аср истодагарӣ намуда, бо риояи бечунучарои қоидаҳои санитарӣ ва худмуҳофизатӣ бояд худ ва дигаронро муҳофизат намоем”.

Зикр шуд, ки дар  ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони маркази профилактикӣ, шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишониии ВКД ва  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо бо истифода аз техникаҳо кӯчаю хиёбонҳо, корхонаву муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои мошингарду пиёдагард  бо маҳлулҳои «Алмадез», гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар гардонида шуда, дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Май 13, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд