ТО ИМРӮЗ БЕШ АЗ 512 ҲАЗОР СОКИНОНИ ДУШАНБЕ БА КАРАНТИН ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД. Оид ба тадбирҳои андешида ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар пойтахт

Май 16, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи генералии тасдиқшуда то имрӯз ҳудуди заминҳои шаҳри Душанбе 203,18 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолӣ бошад, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ 863 ҳазор нафарро ташкил карда, дар қаламрави шаҳр 104 маҳалла бо 172 ҳазор оила, 3 300 адад биноҳои баландошёна ва 39 113 ҳавлиҳои инфиродӣ мавҷуд мебошад.  Дар шаҳр 340 муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 20 288 омӯзгорону мураббиён ва 383 282 муҳассилину тарбиятгирандагон фаъолият доранд , хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин, дар шаҳр 61 муассисаҳои тандурустӣ бо фарогирии 12 478 нафар кормандон, 37 адад муассисаи фарҳангӣ бо 844 нафар корманд ва 103 адад ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ фаъолият менамоянд.

Дар рушди иқтисоди шаҳр 464 корхонаи саноатӣ, 42 683 субъекти хоҷагидор, 35 222 соҳибкори инфиродӣ, 2 878 мағоза, 540 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва 30 бозорҳои истеъмолӣ саҳмгузор мебошанд.

Шумораи умумии кормандон дар ҳама соҳаҳо 167 568 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо қарори Раиси шаҳрРустами Эмомалӣ  Ситоди зиддиэпидемикӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳр бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ташкил карда шуда, як зумра корҳо ба субут расонда шудаанд.

Дар ҳамин давра 403 570 нафар кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён, 823 нафар кормандон ва ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо кам намудани то 65 фоизи шумораи нақлиётҳо дар хатсайрҳо, 12 бозорҳои фурӯши матоъ ва телефонҳо ва 661 нуқтаҳои хизматрасонӣ бо шумораи 12 818 нафар кормандон ва теъдоди мизоҷони онҳо дар як рӯз 73 786 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин, то 30 фоизи кормандони соҳаи хизмати давлатӣ бо шумораи 2 253 нафар ва то 10 фоизи сокинони пойтахт, ки 86 296 нафарро ташкил медиҳад, ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 512 ҳазор сокинони пойтахт ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар зер маълумотнома дар шакли ҷадвал пешниҳод мегардад.

Маълумотнома
оид ба шумораи умумии сокинони шаҳр, ки
ба карантин фаро гирифта шудаанд

  Дар маҷмуъ 512 060 нафар сокинони шаҳр ба карантин фаро гирифта шудаанд.

 

Май 16, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид