ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОН: Қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 189,0 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳиши ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ХБА аввали моҳи марти соли 2020 ҷиҳати дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллари амрикоӣ хабар дода буд. Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки ХБА нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд. Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардида, гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии хонум Падмажа Ҳанделвал аз ҷониби ХБА ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран шурӯъ шуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ҷонибҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ ба тавофуқ расиданд.
Роҳбарияти ХБА 6 майи соли равон барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 189,0 млн доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок қарор қабул намуд ва маблағҳои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд.
Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии ХБА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодаи маблағҳои ҷудогардида, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодаи ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр намояд.








Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд






