ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОН: Қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона мегардад

Май 18, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 189,0 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳиши ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд.  Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ХБА аввали моҳи марти соли 2020  ҷиҳати дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллари амрикоӣ  хабар дода  буд. Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки ХБА нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд. Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардида, гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии хонум Падмажа Ҳанделвал аз ҷониби ХБА ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран шурӯъ шуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ҷонибҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ  ба тавофуқ расиданд.

Роҳбарияти ХБА 6 майи соли равон барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 189,0 млн доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок қарор қабул намуд ва маблағҳои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд.

Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии ХБА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодаи маблағҳои ҷудогардида, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодаи ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр намояд.

 

Май 18, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст