ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода филиали минтақавии Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19 таъсис дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода филиали минтақавии Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19 таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд. Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд.
Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 инчунин ба сокинон чиҳати дарёфти табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад. Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш дар ҳамкорӣ алайҳи пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади анҷом додани хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 таъсис дода шудааст.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






