ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Пули марказии ноҳияи Ёвон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад

Июнь 18, 2020 09:16

 ДУШАНБЕ, 18.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозии пули марказии шаҳраки Ёвон, ки қисмати шарқиро бо қисмати ғарбӣ  пайваст менамояд, бо маром идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд, то ҳоло  80 фоизи корҳои сохтмонии пули мазкур ба анҷом расида, корҳои боқимонда бо риояи меъёрҳои зарурии техникӣ идома дорад.

Корҳои барқарорсозии пули марказиро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Наврӯз» ба уҳда дошта, дар назар аст, ки  тибқи талаботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иншооти мазкур то ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта ба истифода дода шавад. Сохтмончиёни ноҳия бо бунёд намудани ин иншоот дар соҳаи пулсозӣ  таҷрибаи кофӣ андӯхта, дар оянда метавонанд ин таҷрибаи худро дар сатҳи баланд амалӣ намоянд.

Дар ноҳияи Ёвон  аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз зиёда аз 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳоло корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия бо маром идома доранд.

Июнь 18, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд