Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид

Ноябрь 2, 2026 15:48

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед»  оид ба сохтмони роҳи мошингарди «Балҷувон–Сари Хосор» қарордод  ба имзо  расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Ин санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии намояндагии ширкати «Nanjing Communication Engineering Company Ltd.» дар Тоҷикистон Биан Донг имзо намуданд. Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои бо сатҳу сифати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохтани роҳи мазкур, сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмониро баррасӣ намуданд.

Азим Иброҳим изҳор намуд, ки роҳи  «Балҷувон – Сари Хосор» дар минтақае бунёд мешавад, ки  аз нигоҳи ҷуғрофӣ тағйирёбанда буда, ҳангоми бориши зиёди барфу борон ва офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Аз ин лиҳоз ҳангоми амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ  роҳи мазкур бояд ба хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ мутобиқ гардонида шавад. Масофаи роҳ  54,1 км буда, дар доираи он сохтмони 10 пули хурду бузург ва 121 қубури обгузар пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар доираи маблағҳои қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ карда мешавад.

Ширкати сохтмонии «Communication Engineering Company Limited (NJCE)»-и Чин соли 1987 таъсис шуда, қароргоҳаш дар шаҳри Нанкини музофоти Тзянсу ҷойгир аст. Ширкат дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад. Ширкати NJCE дар қаламрави Чин ва кишварҳои ҳамсояи он ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо,  иншооти  инфрасохторӣ  ва гидротехникӣ  машғул аст. Аз ҷумла, ширкат қаблан дар Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди «Бохтар – Левакант – Оқмазор»  дар баланд бардоштани бехатарии ҳаракат ва нигоҳдории роҳҳо ҳисса гузоштааст.

           АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 2, 2026 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад