Афшини Муқим: Арзёбии Амрико вобаста ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
ДУШАНБЕ, 12.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Радиои «Озодӣ» дар матлабе дирӯз, 11 июн, менависад, ки Амрико озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро танқид кардааст, вале котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим дар суҳбат бо ин радио иддаои мазбурро бепоя хондааст.
Ин расонаи амрикоӣ, аз ҷумла, навиштааст: «Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард».
Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон рӯзи 10-уми июн нашр шуд.
Котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Афшини Муқим дар суҳбат, аз ҷумла, иброз доштааст, ки муаллифони гузориш имсол низ ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки «на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд».
«Интиқоди Амрико аз фишор ба либоспӯшии мазҳабӣ дуруст нест. Чун дар кишвар ягон қонун барои шаҳрвандон пӯшидани либоси хосеро муқаррар накардааст. Ин ҳаққи конситутсионии ҳар шаҳрванд аст. Ҳар гуна тарғиб барои пӯшидани либоси миллӣ танҳо ба хотири ҳифзи асолати фарҳанги миллӣ аст», — тазаккур додааст А. Муқим.
Қобили зикр аст, ки такя кардан ба маълумоти расонаҳо, ки аксари маводҳояшон оид ба мавзӯи мавриди назар баҳсталабанд, наметавонад ҷавобгӯи вазъи воқеӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бошад. Бо чунин тарз идома додани баҳодиҳӣ ба ин ё он масъалаи нозуки ҷомеа боиси баҳсҳои ҷиддие миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мегардад, ки метавонанд паёмадҳои нохубе дошта бошанд. Аз ин лиҳоз гузоришгарону таҳлилгарони хориҷиро мебояд ба ин ҷиҳати масъала эътибор диҳанд, то ки ба сатҳу сифати корашон афзояд.








Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид






