АИБ «Казинформ»: Нурсултон Назарбоев ба коронавирус гирифтор шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ/. Нурсултон Назарбоев ба бемории коронавирус гирифтор шуда, ҳоло дар инзивои шахсӣ қарор дорад, хабар медиҳад агентии иттилоотии давлатии «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Елбаси.
«Ҳоло Президенти якуми Қазоқистон дар инзивои шахсӣ қарор дорад. Мутаассифона, ташхиси охирини Елбаси оид ба сирояти коронавирус натиҷаи мусбӣ нишон дод, вале ҷойи нигаронӣ нест. Нурсултон Назарбоев фаъолиятро фосилавӣ идома медиҳад», — омадааст дар хабари сомонаи расмии Елбаси.
Инчунин, иттилои мазкурро котиби матбуоти Елбаси Айдос Укибай низ дар «Twitter» нашр кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов ба бемории коронавирус гирифтор шуда, Сарвазир Аскар Мамин, вазири кишоварзӣ Сапархан Омаров, вазири экология, геология ва захираҳои табиӣ Магзум Мирзагалиев, вазири маориф ва илм Асхат Аймагамбетов, раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбаев ва Раиси Маҷлис Нурлан Нигматулин ба инзивои шахсӣ рафтаанд.
АКСИ БОЛО аз бойгонӣ









Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






