АМАЛИЁТИ МАҚСАДНОК. Барои вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз 3 то 5 нишондиҳанда ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, пешгирӣ ва ошкор намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан риоя накардани қоидаҳои ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус таалуқ надоранд, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 21 июни соли ҷорӣ амалиёти мақсаднок дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи ташвиқоту таблиғот-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.
Бино ба иттилои А. Қурбонзода, дар давраи гузаронидани амалиёти ҷумҳуриявӣ аз тарафи кормандони БДА 81 далели ғайриқонунии насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, 509 далели ҷиҳозонидани асосбҳои ғайристандартии иловагии берунии равшанидиҳанда ва 8 далели дигар бошад дар маҷмуи ихроҷи газҳои кордкардашуда насб намудани таҷҳизоти овозӣ ошкор карда шуда нисбати вайронкунандагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Манбаъ зикр намуд, ки барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт мутобиқи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 174 то 290 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Дар зимн, РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои насб намудани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






