«АНТИКОВИД-19» ДАР ТОҶИКИСТОН. Дорусозе, ки ба истеҳсоли маҷмӯи ин давоҳо шурӯъ кардааст, мегӯяд онҳо пеши сирояти коронавирусро мегиранд
ДУШАНБЕ, 03.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дорусози маъруфи тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов ба истеҳсоли нӯшдору (балзам), равған ва маҳлули антисептикӣ оғоз карда, ба онҳо «Антиковид-19» ном мондааст, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».
Тавре имрӯз Сайидвалӣ Ҳикматов дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар» иброз дошт, истифода аз ин нӯшдорӯ (балзам), равған ва маҳлули пошанда ҳолати беморони гирифтори COVID-19-ро сабук месозад ва пеши роҳи сирояти одамонро аз ин вирус мегирад.
Ба гуфтаи номбурда, духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон сарукор доранд, агар бо маҳлули антисептикӣ (спрей) даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад.
«Бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз нӯшдору ва маҳлули «Антиковид-19» истифода бурдаанд, дар ҳолати худ беҳбудӣ эҳсос намуданд, — навиштааст рӯзномаи парлумони Тоҷикистон «Садои мардум» 28 май. Ба қавли хабарнигори рӯзнома, нн нӯшдору ва маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад».
С. Ҳикматов ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки дарвоқеъ дар таркиби нӯшдору ва равған, ки аз сиёҳдона омода карда мешаванд, беш аз 100 номгӯй модда ва қариб 50 катализатори биосинтези табиии ҳуҷайраҳо, аз қабили ферментҳо, ҳормонҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои чарбӣ, липаза, токоферолҳо, поливитаминҳои гурӯҳҳои А,В,Р,С, равғанҳои эфирӣ ва ғайра мавҷуданд.
«Моддаҳои мазкур барои тавлиди ҳуҷайраҳои нав ва мустаҳкамкунии масунияти инсон заруранд. Витамини Е, ки дар таркиби сиёҳдона фаровон аст, барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва системаи дилу рагҳо муҳим аст. Ҳамчунин, сиёҳдона дорои макро ва микроэлементҳои муҳим, ба монанди калтсий, фосфор, калий, магний, оҳан, сулфур, мис, манган, хром, селен, кремний, бор, германий, руҳ ва кобалт мебошад», — гуфт ӯ.
Истифодаи маҳлули гиёҳии антисептикӣ ҳангоми пешгирӣ ва табобати COVID-19 ба дарди сар, зуком, дарди қафаси сина, илтиҳоби шуш, табларза, таби баланд, таппиши бошитоби дил ва нафаскашии тез даво мебошад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи табиби дорусоз, яке аз бартариҳои маҳлули антисептикии пошандаи «Антиковид-19» он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро афзун мекунад. Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим мебозанд.
Илми тиб исбот кардааст, ки ба воситаи неру бахшидан ба масунияти инсон дилхоҳ бемориро табобат кардан мумкин аст. Таҳқиқоти муосири илмӣ собит намудааст, ки сиёҳдона масуниятро тақвият мебахшад, дар хуни инсон якчанд маротиба миқдори Т-лимфотситҳо, Т-киллерҳо ва дигар ҳуҷайраҳои ба муолиҷаи бемориҳо ва тақвиятёбии неруҳои муҳофизатии организм масъул зиёд мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи нӯшдору — равғани сиёҳдона, инчунин чойи сиёҳдона ва асал бо сиёҳдона неруи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти кории касро баланд мебардоранд. Давоҳои мазкур барои муолиҷаи зукому назла, сулфа, нафастангӣ, зардпарвин ва ғайра муфид буда, кирмҳоро аз бадан берун мекунанд.
Ин давоҳо барои заноне, ки ширашон кам аст, низ манфиатоваранд. Ашхосе, ки аз санги гурда азият мекашанд, бо истеъмоли давоҳои зикршуда аз сангҳо халос мешаванд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки равғани сиёҳдона барои беморони рагҳои хунгард, алалхусус склерози рагҳои мағзи сар давои беҳамтост. Он барои муолиҷаи бемориҳои пӯст низ даво мебошад. Равғани сиёҳдона ба муқобили заҳри мор ва дигар ҳашароти газанда позаҳри қавӣ ба шумор меравад. Ҳангоми шикамрав ва ё душвории пешобкунӣ истеъмоли равғани сиёҳдона муфид аст.
Сайидвалӣ Ҳикматов барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ субҳу шом шиками холӣ истеъмол кардани як қошуқча равғани сиёҳдона, як қошуқча нӯшдоруи (балзами) сиёҳдона, як пора сирпиёз ва як қошуқ асал тавсия дода мешавад.
«Истеъмоли равған, нӯшдору ва чойи сиёҳдона бо асал ва илова кардани 10 қатра шарбати лимӯ ба таври ҳайратангез сатҳи қандро дар хун паст мекунад, — мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов. — Ин бори дигар исбот мекунад, ки сиёҳдона барои дилхоҳ беморӣ, аз ҷумла диабети қанд низ давои беҳамтост».
Бино ба тавсияи Сайидвалӣ Ҳикматов, барои тақвияти масунияти бадан ва беҳтар шудани саломатӣ дар як шабонарӯз ним қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ асал ва 5 қатра шарбати лимӯ истеъмол кардан зарур аст.
Ин табиби тоҷик муътақид аст, ки сиёҳдона воқеан иммунитети инсонро баланд мекунад ва яке аз беҳтарин воситаи пешгирӣ ва табобат аз коронавирус мебошад.
Имом Бухорӣ, Муслим Ибни Моҷа, Аҳмад ва Имом Тирмизӣ дар бораи даво будани сиёҳдона ҳадиси зеринро аз ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят кардаанд: «Сиёҳдона ғайр аз сом ба ҳамаи дардҳо давост». Саҳобагон пурсиданд: «Сом чист?» Расули Худо (с) гуфтанд: «Сом марг аст».
Дар китоби «Канзи шифо» дар бораи ин навъи гиёҳ чунин омадааст: «Сиёҳдона — ин тухми растании бӯстонист ба монанди тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад. Гулаш зарди моил ба сафедӣ ва инчунин бунафш низ мешавад. Баргаш дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофи калонтар аз ғилофи тухми банг (кирмрезонак) аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст».
Бино ба шаҳодати манбаҳои илмӣ, сиёҳдона гиёҳи чатрмонандест, ки дар фасли тобистон гул карда, танҳо дар соли дуввум ҳосил медиҳад. Он дар Қафқоз, Сибир ва Осиёи Марказӣ маъмул аст. Ин гиёҳро ҳатто дар Мисри қадим низ истифода мекардаанд. Масалан ҳангоми ҳафриёт дар қабри як фиръавн шишаи равғандор пайдо карда, муайян намуданд, ки он сиёҳдона аст.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад».
Кишвари офтобии мо макони 5000 номгӯй растаниҳои шифобахш аст, ки ашёи хоми соҳаи дорусозӣ ба шумор меравад. Аз онҳо дору тайёр карда, ба мамолики хориҷ содир намудан боиси таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ ва ғанӣ гаштани буҷети давлат мешавад.
Акрамхоҷа АКБАР,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»
P.S. Мехостем ба табибонамон: духтурон, дастёрони онҳо (фелдшерҳо), ҳамшираҳо, ходимони хурди тиббӣ ва ронандагони ёрии таъҷилӣ ташаккур гӯем. Ин шахсони далер имрӯз дар сафи аввали мубориза бо COVID-19 қарор доранд.
Духтурон қаҳрамонони замони мо ҳастанд. Барои онҳо душвор аст, аммо онҳо барои ҳаёти ҳар як сокини мамлакат масъуланд.
Мо ҳама кӯшишҳо ва ташаббуси табибони ҷасурро барои дарёфти роҳҳои халосӣ аз коронавирус истиқбол мекунем. Аммо, дар баробари ин, огоҳ менамоем: табобати коронавирус бо усулҳои озмоишӣ метавонад ба саломатии одамон зиён оварад, боиси пеш омадани мушкилот дар беморӣ гардад ва ҳатто ба марг бурда расонад.
Истифодаи доруҳо, бахусус давоҳои мардумӣ бидуни далелҳои илмӣ, машварат ва назорати мутахассисони соҳаи тиб метавонад сабаби аз аз меъёр зиёд истифода бурдани онҳо ва дар натиҷа таъсири манфиашон ба саломатии одамон гардад.
Дар сурати ошкор шудани нишонаҳои коронавирус фавран ба духтур муроҷиат намоед ва ё ба рақамҳои Маркази машваратии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо рақамҳои кутоҳи 311 ва 511 занг занед.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Сайидвалӣ Ҳикматов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, аз соли 1997 сарвари ҶДММ «Авитсенна» мебошад.
Ӯ солҳои 2004- 2005 дар Намоишгоҳи давлатҳои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии Япония ширкат варзида, бо дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Мавсуф муаллифи якчанд давоҳои табиӣ, аз ҷумла, нӯшдоруи «Авитсенна», чойҳои табобатии «Фитодиабет», «Чилдухтарон», равғани сиёҳдона ва ғайра мебошад. Имрӯз давоҳои табиии истеҳсолнамудаи ин ихтироъкори тоҷикро бо тамғаи «Made in Tajikistan» берун аз ҷумҳурӣ низ дидан мумкин аст.