Ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон тавсия дода шуд, ки сатҳи фаъолияти иттилоотиро боло баранд

Июнь 3, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар минтақаи Урали Россия дар шакли видеоконфронс машварат гузаронд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, зимни он силсилаи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ мавриди мубодилаи афкор қарор дода шуд.

Бо пешниҳоди Консули генералӣ  намояндаи расмии Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов сухан гуфта, диққати ҳозиринро дар баробари дигар мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  ба масъалаи паҳн гардидани ҳар гуна хабару гузоришҳои носаҳеҳ вобаста ба вазъи онҳо  ҷалб  намуд.

Аз ҷумла,  мисоли мушаххас оварда шуд, ки давоми як моҳи охир дар барномаи хабарии Радиои «Озодӣ» 2 хабари нодуруст оид ба вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Екатеринбуг (27 апрел ва 24 майи соли ҷорӣ) пахш гардид. Дар хабари 27 апрел пахшкардаи «Озодӣ» қайд гардид, ки зимни амалиёти махсус кормандони полис муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз назди фурӯшгоҳи «4-ум пойгоҳ»-и сабзавоти шаҳри Екатеринбург барои надоштани қайд (регистратсия) ва патент боздошт намудаанд. Аммо зимни санҷиши ин ҳодиса дар маҳалли зикршуда  маълум гардид, ки кормандони полис нафаронеро, ки режими карантинро вайрон карда буданд, новобаста аз шаҳрванди кадом кишвар буданашон, боздошт ва ҷарима намудаанд.

Дар хабари 24 май пахшкардаи «Озодӣ» навори кашмакаши як шаҳрванд бо кормандони полис дар назди бозори «Таганский ряд»-и шаҳри Екатеринбург намоиш дода шуд. Зикр шуд, ки новобаста аз талаботи фармони Президенти ФР аз 18 апрели соли равон таҳти №274, кормандони полис муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳатто дар рӯзи Иди Фитр ҳам мавриди санҷишу таъқиб қарор додаанд. Вале баъди санҷиши ин хабар маълум гардид, ки кормандони полис барои дар давраи карантин бе ниқоб гаштугузор кардан ҳуҷҷатҳои як шаҳрванди Қирғизистонро мавриди  санҷиш қарор додаанд. Ин нафар ба кормандони полис итоат накарда, кӯшиши аз дасти онҳо  зӯран гирифтани ҳуҷҷатҳояшро кардааст. Ҳолати мазкур дар пеши чашми чанд нафар шаҳрванди ҶТ ба вуқуъ пайвастааст, ки метавонанд  инро тасдиқ намоянд.

Зикр шуд, ки агар чунин пойгоҳи хабарии серхонандаю бонуфуз  ин гуна ахбори носаҳеҳ интишор намояд, пас аз он сомонаҳои фейкиву ашхоси тасодуфӣ чӣ ҷойи гила кардан аст?!

Аз ин рӯ, аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи фаъолияти худ дар саҳифаҳои ҷамъияташон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет маълумоти дақиқ ба нашр расонанд ва ҳарчи бештар дар масъалаи таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ имкониятҳои худро фаъол намоянд.

Дар идома зикр шуд, ки имрӯзҳо баъзе шаҳрвандони ҶТ ба хабарҳои нодуруст  гӯш  дода, бо мақсади сафар ба Ватан тавассути нақлиёти мошингард аз шаҳрҳои гуногуни Россия ба мавзеъҳои гузаргоҳҳои сарҳадии  байни Россия ва Қазоқистон мераванд ва баъди саргардониҳои чандрӯза дубора ба макони зисти доимии худ бармегарданд. Дар робита ба ин, аз ҳама роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои минтақаи Урал тақозо шуд, ки байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар чунин вазъи буҳронӣ оид ба масъалаи имкониятҳои сафар ба Тоҷикистон маълумоти дақиқро аз Сафорату консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  пурсон шаванд.

ДАР АКС: аввали моҳи марти соли равон Консули генералии ҶТ дар Екатеринбург Зафар Сайидзода (аз рост сеюм)  бо роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар  митақаи Урали Россия мулоқот намуд. Акс аз бойгонӣ.

Июнь 3, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»
Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд
Холид Ал-Фолеҳ: «Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон беш аз 14 лоиҳаро тавассути Фонди саудии рушд амалӣ намудааст»
Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд
Сироҷиддини Муҳриддин: «Музокироти сарони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»
Сергей Лебедев аз нав Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин гардид
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ доир шуд
Хабарнигори «Russia Today» Саргон Ҳадая: «Тоҷикон мардуми меҳмоннавоз ҳастанд»