ФУТБОЛ: Чемпионати Тоҷикистон дубора оғоз мешавад

Июнь 8, 2020 13:57

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои барқарор кардани мавсими ҷорӣ розӣ шуд. Чемпионати Тоҷикистон санаи 16  июн аз даври 5-ум дубора оғоз шуда, бозӣ байни дастаҳо бидуни мухлис сурат мегиранд. Қобили зикр аст, ки чемпионати кишвар бинобар сабаби авҷи бемори коронавирус охирҳои моҳи апрел ба таъхир гузошта шуда буд. Ин мавзӯъро    шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Ҳамин тавр Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хулосае омад, ки Чемпионати мазкурро, ки аз се давра иборат буд, ба ду давра гузаронад. Бояд гуфт, ки дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ аз 1  июни соли равон ба тамринҳо оғоз карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки  25-26 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор шуданд. Дар ин даври мусобиқа дастаҳои  футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол»-и Душанбе бо  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ   бо ҳисоби калони 6:1, «Хатлон»-и Бохтар  бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо  бартарии  3:2, «Душанбе-83»-и  Душанбе бо КМВА бо ҳисоби 2:1 ва  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода   бо натиҷаи 2:1  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Хотиррасон  менамоем, ки  22 апрел    бозии охирини  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ — «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд доир гардид. Ин вохӯрӣ байни дастаҳои  футболи «Кӯктош» ва «Хуҷанд» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1  хотима ёфт. Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаҳоро Ҳикматулло Расулов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Сафаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Абдулмумин Забиров (Комрон Мирзонаҷод, 64), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Андрей Сидоров, 66), Санҷар Рихсибоев, Дилшод Бозоров (Амирҷон Сафаров, 86).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров, Мунир Давлатбеков, Ҳикматулло Расулов (Собирҷон Холматов, 76), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Султоншо Мирзоев, 67), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 59).

Рӯзҳои истироҳати моҳи апрел   4 бозии дигари  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир шуда буданд. Дар он даври мусобиқа дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода- барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.

Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи  «Истаравшан»-и   шаҳри Истравшанро  Илҳомҷон Баротов зад.

Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб  дастаи  футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои  пешсаф  – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи   «Хатлон»   Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард.  Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи   «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи  «Истиқлол»  дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.

Дар бозии дигар  дастаи  КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид.

Дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 17-3 10
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 10-7 10
3 «Файзканд» (Восеъ) 4 2 2 0 7-5 8
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 8-6 7
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 1 2 1 5-7 5
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 1 2 7-6 4
7 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 1 1 2 6-8 4
8 «Душанбе-83» (Душанбе) 4 1 1 2 2-9 4
9 ССКА (Душанбе) 4 1 0 3 5-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 0 0 4 3-11 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Июнь 8, 2020 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд