Ишкошим: Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баҳри пешгирӣ аз дигар шудани маҷрои дарё вусъат дода мешаванд

Июнь 17, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 17.06.2020. /АМИТ Ховар/. Дар натиҷаи тайғирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво сол то сол сатҳи оби дарёи Панҷ баланд гардида, маҷрои худро дигар намуда истодааст. Баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ ба хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим хисорот ворид намуда истодааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ дар деҳаи Туғгози ҷамоати деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарё маҷрои худро дигар намуда, соҳили чапи дарё ҳудуди деҳа ва заминҳои кишоварзиро зери хатар монд.

16 июни соли равон раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ҷиҳати дидан намудан аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоати деҳоти Птуп сафари корӣ анҷом дода, аз рафти кор аз наздик шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки соли 2019 дар натиҷаи баландшавии сатҳи дарёи Панҷ дар ҷамоати деҳоти Птуп қариб 5 га соҳил шуста шуда, аз ин ҳолат айни замон ба масоҳати зиёда аз 200 га заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ ва 47 га ҷангалзор зери хатари шусташавӣ қарор доранд.

Моҳи марти соли 2020 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Ёдгор Файзов зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим аз ин мавзеъ дидан намуда, ҷиҳати саривақт то мавсими обхезӣ чораандешӣ намудан ба маъсулин дастур ва супориш дода буд. Инчунин бо дастгирии раиси вилоят ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Туғгози ҷамоати деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим ба ҳисоби 2 тонна маводи сӯзишворӣ дастрас карда шуд, ки айни замон дар ин мавзеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босуръат идома дорад.

Июнь 17, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад