Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти воридшавандаро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 июн дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба қонунгузории соҳаи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин Кумита.
Дар кори семинар намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои назорати бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ, соҳаи нақлёт, вилояти Хатлон ва ШНТҶ иштирок намуда, доир ба пешгирӣ кардани воридшавии маҳсулоти пастсифатро дар қаламрави мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои он, аз таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ, ташхису назорати он бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иборат мебошад. Зеро мақсад аз таъсис додани Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли ҳамин мушкилот, ҳамоҳангии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкоронест, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба мамлакат маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд.
Ҳамчунин дар семинар ба кормандони нуқтаҳои бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт супориш дода шуд, ки тамоми маҳсулоти воридшавандаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Инчунин истифодаи таҷҳизоти замонавии мазкурро, ки дар марказҳои ташхис ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳсулоти озуқаворӣ, хусусан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мавриди ташхиси саривақтии дақиқ қарор дода шаванд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ, ислоҳи камбудиҳои соҳа ва иҷрои пурраи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат –таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






