ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 28+30 дараҷа гарм мешавад

Июнь 10, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  дар назар буда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе  рӯзона ба 28+30 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши нисбатан сусти марҳилавӣ аз эҳтимол дурр нест. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, . раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 18+23  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 10, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд