Роҳбарияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони UNODC ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба ҳаёти кӯдакону наврасон, ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, фароҳам овардани шароити хубу зиндагии шоиста ба кӯдакону наврасонро 23 июни соли равон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) зимни суҳбати видеоӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба ҳаёти кӯдакону наврасон, бахусус дар кишварҳои арабӣ ва дигар мамолики дар оташи ҷангу низоъҳо қарордошта, таваҷҷӯҳ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат доир ба масъалаи таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ, инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар самти дастгирии кӯдакону наврасон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нурулло Маҳмадуллозода дар масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки «Бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона гардидааст. Инчунин то ба имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон як зумра конвенсияҳо ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) ба тасвиб расидаанд, ки ба масъалаҳои меҳнати кӯдакон ва танзими меҳнати наврасон вобастагӣ доранд. Барои татбиқи ин санадҳо аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад».
Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти марбута баҳои баланд дода шуд. Инчуни барои ҳамкориҳои минбаъда дар самти дастгирии техникӣ ва таҳияи маводи таблиғотӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши мониторинги меҳнати кӯдак фаъолият менамояд, ки вазифаи таҳия ва татбиқи системаи мониторинги меҳнати кӯдакро бар ӯҳда дорад. Дар ин самт вазорат баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чорабиниҳои мухталиф ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба хавфу хатарҳои экстремизм ва терроризм баргузор менамояд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






