Сарвари давлат бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур аз соли 2007 инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.
Самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» парвариши сабзавот, аз ҷумла помидор буда, ҳамчунин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ба рушди боғу токзор низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, аз 2 гектар замине, ки барои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, дар майдони 1,7 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.
Зимни боздид аз хоҷагии мазкур, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, аз заҳмати ҷавонмардонаи хоҷагидорону соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид карда шуд, ки кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад.
Киштзори деҳқонони ноҳия имсол пурбор буда, ҳадаф аст дар баробари бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда шавад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба васеъ гардонидани заминҳои корам ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар навбати худ хоҷагидорон аз дастгириҳои фаровони давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






