Судяи Суди конститутсионӣ тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 бесобиқа ва сазовори таҳсин арзёбӣ намуд

Июнь 25, 2020 08:49

ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонро имрӯз дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои террористиву ифротгароӣ, хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам, аз қабили иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату ҳуқуқ ва фарҳангу маорифро ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ кардааст.

Вобаста ба  тадбирҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо ин вабои аср Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Даврон ҲОШИМЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

— Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ки мақомои ваколатдори сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, бо дарки воқеии хатари бесобиқаи глобалӣ доштани бемории сироятии COVID-19 ба инсоният, онро моҳи марти соли ҷорӣ пандемия эълон кард ва давлатҳоро ҳушдор дод, ки  ҷиҳати  мубориза бо ин беморӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ созанд.

Таҳлилҳои ин созмони байналмилалии тандурустӣ аз замони хуруҷи ин беморӣ то ба имрӯз, ки қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, нишон медиҳад, ки то ба ҳол ба ягон низоми пешрафтаи тандурустии кишварҳои олам муяссар нашудааст, ки доруеро (ваксина) ихтироъ ва пешниҳод намояд, ки гирифторони ин бемориро пурра табобат намуда, садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гардад.

Дар давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва  чанде аз кишварҳои Аврупо аллакай давраи озмоишии навъҳои мухталифи ваксинаи бемории сироятии COVID-19 оғоз гардида, бо маром идома дорад ва тибқи пешгӯиҳои мутахассисону коршиносон дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани озмоишҳо, эҳтимол аст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ истифодаи клинникии доруворӣ ва истеҳсоли маҷмӯии он ба роҳ монда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯшиши дар алоҳидагӣ мубориза бурдани давлатҳо бо ин беморӣ чандон натиҷаи дилхоҳ наовард ва аз ин рӯ, хулоса кардан мумкин аст, ки танҳо дар заминаи ҳамкорию ҳамоҳангӣ роҳандозӣ гардидани муборизаи муштараки давлатҳо бо ин вабо, мумкин аст, ки дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сироятии ин беморӣ эмин намонд ва ин беморӣ ба зиндагии муътадили сокинон ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро расонд.

Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти ҷиддӣ оид ба хатари ҷойдошта  аз рӯзҳои нахустини пайдоиши нишонаҳои бемории сироятии  COVID-19 дар кишвар  ҷиҳати  пешгирии интиқолу паҳншавии он ва паст кардани таъсири паёмадҳои ин бемории сироятӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд ва тамоми воситаҳои мавҷудаи иқтисодию молиявиро дар ин самт сафарбар кард.

Пешвои  миллат аз рӯзҳои нахустини пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ  дар паҳлӯи мардуми кишвар истода, вазъиятро таҳти назорати шахсӣ қарор доданд ва бо таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ ва ситодҳои алоҳида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳия то сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муваззаф гардониданд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, табобати гирифторони ин бемориро ройгон таъмин намоянд ва ҳамаҷониба садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гарданд.

Сарвари давлат ҳамарӯза аз вазъи паҳншавӣ ва мубориза бо ин беморӣ воқиф буда, дар асоси хулосаи мутахассисон дастовардҳои муосири илми тибро дар самти табобати бемории сироятӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд ва то чи андоза муфид будани истифодаи онро дар Тоҷикистон таҳлил менамоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ бобати анҷоми корҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятӣ  тадбирҳои бесобиқа андешида шуда, муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ барои қабул ва табобати гирифторони бемории сироятӣ ҳамаҷониба омода гардида, бо миқдори зарурии маводи тиббӣ, аз ҷумла доруворӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои кимёвии безараркунанда ва хӯрока барои табибону беморон таъмин карда шуданд.

Беморхонаҳои сироятии нав бо шароити муосири муолиҷавӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба истифода дода шуда, беморон пурра ба табобати ройгон фаро гирифта шуданд.

Аъзои Ҳукумати кишвар, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти давлатӣ, табибон, гурӯҳҳои ташаббускор аз ҳисоби ҷавонон, волантёрон, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бобати пешгирии бемории сироятӣ ба таври муназзам ба роҳ монданд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма, аз қабили агентии “Ховар”, шабакаҳои телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисон  маводҳои хабарӣ, огоҳкунанда,  тавсиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ нашр ва пахш гардиданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ  кӯмакҳои наҷибу ғамхоронаи Пешвои миллат дар шакли маводи хӯрока ва доруворӣ, лавозимоти тиббӣ  ба тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд.

Дар партави сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ташаббускорӣ нишон дода, ба муассисаҳои тандурустӣ, кормандони он ва шахсони ниёзманд  маводи хӯрокаю доруворӣ дастрас намуданд.

Дигар тадбири муҳиму  саривақтӣ, ки назир надорад — ин бо мақсади дастгирии аҳолӣ, инчунин соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар шароити таъсири паёмадҳои ин беморӣ  5 июни соли ҷорӣ ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад, ки он ҳамовозии тамоми ҷомеаро ба миён овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки тадбирҳои таъхирнопазирро дар ин самт амалӣ намуда, аз ҷумла, табобат ва  нигоҳубини шаҳрван­дони таҳти муоинаи тиббӣ қарор дошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад.

Чунончи, тибқи Фармон аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробон мондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шуда истодааст.

Ҳамчунин то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.

Ин иқдоми муҳиму ғамхоронаи Роҳбари давлат барои дастгирии беморон, нафақахӯрон, маъюбон, дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, ки мақсади он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс мебошад,  заминаи муҳим ба шумор меравад.

Яъне, дар ин вазъияти мураккаб табақаи ниёзманди аҳолӣ бори дигар ба ғамхории инсондӯстона ва пуштибонии Роҳбари давлат фаро гирифта шуда, вазъи зиндагии худро беҳтар карданд.

Ҳамзамон  бо мақсади  дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар нуқтаҳои дахлдор фаъолият менамоянд аз 1 май то 1 августи соли 2020  аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Ташаббуси мазкур дастгирии навбатии рушди бахши хусусӣ, яъне соҳибкорӣ дар кишвар ба шумор рафта, воситаи муҳими пешгирии муфлисшавии соҳибкорон мебошад ва онҳоро барои фаъолияти минбаъда ҳавасманд мегардонад. Тоҷикистон аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи рушди иқтисоди бозоргониро пеша намуда, дар сатҳи Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, яъне соҳибкориро кафолат дод ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои муфид ноил гардид.

Имрӯз дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, тавассути қабулу такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои мухталиф ба соҳаи соҳибкорӣ  тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Имрӯз теъдоди субъектҳои фаъолияти соҳибкории ба қайд гирифта шуда ба беш аз 320 ҳазор расида, аксарияти онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бунёду ба истифода додани объектҳои таъиноти мухталиф саҳми босазои худро мегузоранд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июн    воридоти мавод барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 зарурӣ  аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озодкарда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки баландшавии нарху наво ва норасогии маводҳои зикршуда пеш­гирӣ карда шуда, эҳтиёҷмандон бидуни ягон мамониат ва бо миқдори зарурӣ онҳоро дастрас намоянд ва ба мақсади профилактикию табобатӣ истифода кунанд.

Дигар иқдоми муҳим, ин дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июн пешбинӣ шудани муқаррарот дар хусуси аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ паст намудани меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоизи амалкунанда то 6 фоиз, инчунин мавриди танзим қарор додани нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисеп­тик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ мебошад.

Омили мазкур бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи сокинони кишвар таъсири мусбӣ расонида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи  иқтисодии шаҳрвандон, пардохтпазирии онҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар, пешгирии баландшавии беасоси нарху наво ба маҳсулоти истеъмолии ниёзи аввалия, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба молу маҳсулоти зарурӣ ва қонеъ намудани талаботи маишии онҳо мусоидат мекунад.

Иҷрои муқаррароти Фармони зикршуда, инчунин барои ҳалли мушки­лиҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа қарор доранд ҳамаҷониба мусоидат кард. Дар иртибот ба ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат парвозҳои махсуси ҳавопаймо ташкил карда шуда, тавассути онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат қарор дошта, бинобар паҳншавии бемории сироятӣ ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо аз ҷониби кишварҳо дар масъалаи вуруду судури шаҳрвандон ба қаламрави кишварашон  наметавонистанд аз он хориҷ шаванд, ба Ватан баргар­донида шуданд.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, Пешвои миллат ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бо ин ташаббуси наҷиби худ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа таъмин намуда, онҳоро ба Тоҷикистон баргардониданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосир, ки паёмадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба ҳаёти ҳамрӯзаи мардум ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ кишвар таъсири манфии худро расонида истодааст, аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ намудани чунин ташаббуси инсонпарварона ва ғамхорона дар заминаи қабули Фармони алоҳида  сазовори ҳамагуна эҳтирому қадрдонист.

Умуман тадбирҳои саривақт роҳандозишуда натиҷаи муфид ба бор оварда, ба он мусоидат кард, ки теъдоди гирифторони ин навъи беморӣ ба маротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он пешгирӣ гардад.

Июнь 25, 2020 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»