«СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД…». Тараннуми Ваҳдати миллӣ дар ашъори шоирони тоҷик

Июнь 27, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шўҳрату шону тахти миллат аст. Чун душманон миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекўшанд, ки ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрўхта шуд. Вале бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи баору номуси  мо  ниҳоят 27 июни соли 1997 кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат табдил ёфт ва аз ин пас вожаи «Ваҳдат» ба маҳбубтарину ширинтарин ва гўшнавозтарин вожаи забони тоҷикӣ табдил ёфта, яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоирони тоҷик гардид.

 Ин суханон дар маводи ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсолнамудаи  Орифӣ Озар БАҲРОМЗОДА – мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. 

Шоири ширинкалому зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз нахустин қаламкашони тоҷик   буд, ки Ваҳдати тозападиди халқи маҳбуби хешро самимона шодбош гуфт ва ғазале тараббунёд бо номи «Сулҳи деринтизор» офарид ва ин аввалин шеъри намирандае буд, ки дар васфи Ваҳдат ва офарандагони он суруда шуд:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад…

…Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Бо ҳамин шеъри ноби устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёти имрўзаи тоҷик марҳилаи тозаи ваҳдатсароӣ оғоз ёфт. Шоирони ватандўсту хушкаломи тоҷик – устод Мўъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Ашўр Сафар, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Гулрухсор, Меҳриниссо, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ширин Бунёд ва дигарон беҳтарин сурудаҳои хешро ба мавзўи Сулҳу Ваҳдат ва парастиши Ватан бахшиданд.

Чунончӣ, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар шеъре васфи Ваҳдати миллӣ ва асосгузори онро карда, чунин гуфтааст:

Қиссаи Ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд,
Сухан аз Сулҳ равад, Сарвари моро хонанд.

Ҳар куҷо пайкараи Ваҳдат агар бигзоранд,
Ном бояд, ки ба он тоҷбасарҳо монанд…

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем,
Чун нишони ориён машҳур гаштем.

Шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ низ ҷашни Ваҳдатро таҳният гуфта, чунин мефармояд:

Навиде омада аз Оли Сомон,
Тавон ёбад, сафо ин Тоҷикистон.

Муборак, шаҳриёр, ин ҳусни шоҳӣ,
Муборак субҳи ободӣ ба даврон.

Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ аз поягузорони сулҳу ваҳдати миллӣ сипосгузорӣ карда, чунин фармудааст:

Зиндагиро пурнаво кардӣ, ташаккур,
Синаҳоро пурсафо кардӣ, ташаккур,

Аз дигар моро ту мо кардӣ, ташаккур,
Дар раҳи меҳру вафо кардӣ, ташаккур.

Зинда бошу зиндагӣ омўз моро,
Ҳамчу хуршеди саҳар афрўз моро.

Силсилаи ашъори ватандўстонаи  Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои таҳкиму тақвияти Ваҳдати тоҷикон хидмати арзишманде намуд. Шеъри «Ҷашни Ваҳдат»–и ин шоири мумтоз як навъ тараннуми пурифтихори Ваҳдати миллӣ аст ва хеле тантанавор садо медиҳад:

Ин сафои бахт, ин фирўзии имони мост,
Чашни Ваҳдат, ҷашни нузҳат, ҷашни шаъну шони мост.

Ҷашни фарзандони қурбонгашта дар роҳи мурод,
Зинда монда дар шукўҳи мардуми олинажод.

Ҷашни он оби парешоне ки бо ҳам ошност,
Ҷашни ин марзе ки хоки ў назаргоҳи Худост…

… Бар замини Тоҷикистон нури Раҳмон мерасад,
Дил ба армон, сар ба сомон, ҷон ба ҷонон мерасад.

Ҳамзамон, шоири шаҳир ва зиндаёд Файзалӣ Мирзо низ дар васфи бунёдгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ чунин таъкид мекунад:

Як зумра мардумони киштишикаста будем,
Моро ба ҳар каноре мебурд мавҷи тўфон.

Киштӣ ба соҳили бахт имрўз лангар андохт,
Чун раҳнамои мо шуд Эмомалии Раҳмон.

Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар ин бобат гуфтааст, ки:

Чеҳраи пурнури ту шуд нури бахти миллати мо,
Шаҳнавози миллати мо, шаҳсутуни давлати мо.

Сулҳ овардӣ ба мардум, сулҳи мо поянда бодо,
Парчами давлат сари мо то абад тобанда бодо.

Ваҳдат дар ашъори шоирон гуногун тасвир ва тавсиф шудааст. Дар ситоиши оштиву суботи миллати дар вартаи ҷанги бародаркуш монда низ шоирон арзи меҳр кардаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонабонуи хушсалиқаву тозагў  чунин мефармояд:

Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро,
Фароғатҳои соҳилрову растохези тўфонро.

Биё, эй раҳнамои офтобоғўши зулматкуш,
Зи дунболат бибар ин ҷандапўшу каҷкулоҳонро…

Ё ки дар шеъре шоири варзида Алӣ Бобоҷон чунин оварда:

Ҳар толиби амонӣ дорад ниёзи Ваҳдат,
Ҳар ташнаи маонӣ воқиф зи роҳи Ваҳдат.

Якрўву якақида, якрангу якнасақ бош,
То ҷовидон бимонӣ, хотирнавози Ваҳдат.

Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур ҳар дуруду суруди мардумро дар Ваҳдат инъикос кардааст:

Ҳар дуруди мо бувад Ваҳдат,
Дар суруди мо бувад Ваҳдат.

Торҳои ҳамнаво ҳастем,
Тору пуди мо бувад Ваҳдат.

Дар шеъри «Ваҳдати дилҳо»–и шоири маъруф Неъмати Оташ меҳрубону ҷонбаҷон шудани халқи шарифи тоҷик тараннум ёфтааст:

Биё, ки то абад меҳрубони ҳам бошем,
Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.

Биё зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,
Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.

Дар ашъори шоири меҳандўсту ваҳдатсаро, шодравон Мирзомурод Ҳошимзода як навъ нигориши хосаи вожаи Ваҳдат ба чашм мерасад:

Ваҳдати тоҷик садои миллат аст,
Ваҳдати тоҷик дуои миллат аст.

Парчами Ваҳдат парафшонӣ кунад,
Ваҳдати тоҷик Худои миллат аст.

Адиби маъруф Усмон Олим ваҳдатро ин гуна тавсиф кардааст:

Ваҳдатам: – Эъломии аҳли башар,
То дами реҳлат бароям роҳбар.

Сар битобам заррае аз Саркитоб,
Беҳтараш саргум хурам ҳамчун ҳубоб.

Шоири хушзавқу зиндаёд Наимҷон Назирӣ дар шеъре аз абадияти сулҳу ваҳдат чунин навиштааст:

То ки бошад сулҳ доим пойдор,
То фазои даҳр бошад беғубор.

«Сулҳ дар дунё» маро доим шиор,
Корвони сулҳу ваҳдат зинда бод!

Мавриди зикр аст, ки сафари корвон дар Шоҳроҳи Ваҳдат – василаи пайвасткунандаи тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, сафари саршор аз меҳру муҳаббат, ваҳдату дўстӣ ва самимият буд. Шоир Нуриддини Амриддин меҳрномаашро дар ин бора чунин баён кардааст:

Боз ҳам як пайки давлат мерасад,
Корвони Сулҳу Ваҳдат мерасад.

Мекунад гул чеҳраи пиру ҷавон,
Накҳати бўйи саодат мерасад.

Ваҳдати тоҷик ҳамеёбад камол,
То ба тахти шону шуҳрат мерасад.

Тоҷикистон нурполо мешавад,
Корвони Сулҳу Ваҳдат мерасад.

Имрўз ҳеҷ як шоире намонда, ки дар гиромидошти Ваҳдат шеъре нагуфта бошад. Месазад, ки аз тарафи муҳаққиқони адабиёт ваҳдатномаи шоирони миллат ба таври алоҳида мавриди омўзиш қарор гиранд ва ҳатто барчидаи ашъори ваҳдатбунёди шоиронамон ба китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ворид гарданд.

Воқеан, мардуми шарифи кишвар ҳар солгарди ба имзорасии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ»-ро дар баробари рўзи Истиқлолияти давлатӣ қадр мекунанд ва ҷашн мегиранд. Чуноне, ки Пешвои ваҳдатовари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирўзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Бо шеъри тарабафзои адиби зиндаёд Атахон Сайфуллоев кулли мардуми шарифи тоҷикро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона шодбош мегўем:

…Ҷашни ваҳдат, ҷашни эҳёи Ватан,
Ҷашни илму ҷашни фарҳангу сухан.

Ҷашни пирўзии соҳибдавлатӣ,
Ҷашни тоҷик – ориёӣ миллате.

Пас муборак бод ҷашни кишварам,
Бар Шумову миллатам – зебу фарам!

Бигзор Ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидон бошад!

 

Орифӣ Озар БАҲРОМЗОДА,
мутахассиси пешбари Раёсати рушди
муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва
ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Июнь 27, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон