ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июн, сешанбе, 168-умин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 16, 2020 08:00

16 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

***

9 сол пеш, 16 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда, масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

16 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон.

 РӮЙДОДҲО:

 16 июни соли 2003  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ се лоиҳаи нав оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расониданд.

***

16 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ҷонибдорӣ кард.

***

9 сол пеш, 16 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

16 июни соли 1903 дар Америка Генри Форд ширкати мошинсозии «Форд Мотор»-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон мебошад.

***

Дар ин рӯзи соли 1903 аввалин маротиба тамғаи аксизии «Пепси-Кола» ба қайд гирифта шуд.

***

16 июни соли 1842 дар Иёлати Миссисипии Америка аз сабаби ба амал омадани тӯфони сахт зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1963 аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон  Валентина Терешкова бо киштии кайҳонии «Восток – 6» ба кайҳон парвоз кард.

***

Соли 1982 футболбози англис Брайан Робсон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар бозӣ  бо дастаи  Франсия аз ҳама голи тезтаринро зад. Ӯ дар сонияи 27-уми бозӣ   тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кард.

Июнь 16, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст