ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, якшанбе, 180-умин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 28, 2020 08:00

28 июни соли 2011  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда буданд,  аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»-ро ба имзо расониданд.

***

6 сол пеш, 28 июни соли 2013 «Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017» тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 Сафорати Америка дар Тоҷикистон Маркази иттилоотӣ-захиравӣ таъсис дод.

 28 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.

 ***

Дар  Украина — Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 28 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

***

28 июни соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба тасвиб расид.

 ***

75 сол пеш, 28 июни соли 1944 ИМА муносибатҳои дипломатиашро бо Финландия қатъ кард.

***

28 июни соли 2000 Парлумони Эстония бо мақсади ҳимояи саломатии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи манъи истеъмоли тамоку»-ро қабул кард.

***

28 июни соли 2004 Ҳукумати муттаҳидаи Ироқ ташкил гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар ИМА аз ҳама киштии калонтарини зериобӣ ба ҳаракат дароварда шудааст.

***

Соли 1994 футболбози дастаи мунтахаби Россия Олег Саленко дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба дарвозаи Камерун 5 гол зада, рекорд гузошт.

Июнь 28, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш