ТАВАҶҶУҲ! Ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия маълум шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 июн саркарда марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Россия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мегиранд:
25 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
26 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»
30 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».
1 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».;
6 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».;
7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатиринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»
13 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»
14 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».
«Дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Инчунин, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






