ТАВАҶҶУҲ! Оббозӣ дар дарёҳо ва ҷойҳои барои он пешбининашуда қатъиян манъ аст
ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду ҷавонмард: яке 23-сола ва дуюмӣ 18-сола, ки мехостанд рӯзи гармро дар соҳили дарё гузаронанд, яке дар дарёи Вахш ва дигари дар канали калони Ҳисор ғарқ шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Рӯзи дуюм аст, ки кормандони Раёсати наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини 23-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кӯшониёнро меҷӯянд. Дониёр Азизов, сокини ноҳия Кӯшониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Хабари ғарқ шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон 3 июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса рафта, то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯи рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4 июн корҳои кофтуковӣ аз нав шурӯъ шуданд, ки натиҷааш то ҳол маълум нест.
Ҳамчунин баъди аз зуҳри 3 май сокини 18-солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 идома дошт, вале бе натиҷа анҷомиданд.
Субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд. Он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супорида шуд.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, ба самъи онҳо мерасонад, ки оббозӣ дар дарёҳо ва ҷойҳои барои он пешбининашуда қатъиян манъ аст.
Акс аз бойгонӣ








Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд






