ТАВАҶҶУҲ! Оббозӣ дар ҷойҳои барои саломатӣ хатарнок қатъиян манъ аст
ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ Ховар/. Як сокини 17-солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар об ғарқ шуд. Барои пайдо кардани ҷасади марҳум кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Деваштич ҷалб шуда, баъди ҷустуҷӯи бештар аз чорсоата ҷасади ҷавон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супорида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Сабаби марги ҷавони 17-сола оббозӣ дар ҷойе будааст, ки барои шиноварӣ таҷҳизонида нашудааст.
Аз аввали соли равон то кунун дар маконҳои обии ҷумҳурӣ 28 нафар ғарқ шудаанд, ки 9 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз авҷи коронавирус аз 15 июн мавсими оббозиву шиноварӣ дар саросари кишвар расман оғоз гардид. То ин замон маъмурияти ҳамаи истироҳатгоҳҳои наздисоҳилӣ барои истиқболи истироҳаткунандагон омодагӣ диданд, соҳилҳо бо ҳама ашёву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз қабл омодагии ин тафриҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткунандагон санҷида буданд.
Ба огоҳиҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ва манъи оббозӣ дар ҷойҳои ғайримуҷаҳҳаз нигоҳ накарда, шаҳрвандон ҳамоно беэҳтиётӣ мекунанд ва ҷони худро дар хатар меандозанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат мекунад: дар бораи амнияту бехатарии худ бияндешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед.








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






