ТАВАҶҶУҲ! Оббозӣ дар ҷойҳои барои саломатӣ хатарнок қатъиян манъ аст

Июнь 19, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ Ховар/. Як сокини 17-солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар об ғарқ шуд. Барои пайдо кардани ҷасади марҳум кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Деваштич ҷалб шуда, баъди ҷустуҷӯи бештар аз чорсоата ҷасади ҷавон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супорида шуд.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Сабаби марги ҷавони 17-сола оббозӣ дар ҷойе будааст, ки  барои шиноварӣ таҷҳизонида нашудааст.

Аз аввали соли равон то кунун дар маконҳои обии ҷумҳурӣ 28 нафар ғарқ шудаанд, ки 9 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз авҷи коронавирус аз 15 июн мавсими оббозиву шиноварӣ дар саросари кишвар расман оғоз гардид. То ин замон маъмурияти ҳамаи истироҳатгоҳҳои наздисоҳилӣ барои истиқболи истироҳаткунандагон омодагӣ диданд, соҳилҳо бо ҳама ашёву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз қабл омодагии ин тафриҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткунандагон санҷида буданд.

Ба огоҳиҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ва манъи оббозӣ дар ҷойҳои ғайримуҷаҳҳаз нигоҳ накарда, шаҳрвандон ҳамоно беэҳтиётӣ мекунанд ва ҷони худро дар хатар меандозанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат мекунад: дар бораи амнияту бехатарии худ бияндешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед.

Июнь 19, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд