«ВАҲДАТ — ДАСТОВАРДИ ГАРОНБАҲОИ МИЛЛАТ». Чунин унвон дорад мақолаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ

Июнь 24, 2020 08:13

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати имрӯзаи миллии мо гаронбаҳотарин дастоварди миллат дар тӯли таърихаш аст, ки гарави истиқлоли бегазанди кишвар буда, рушди босуботи миллиамонро ҳам барои имрӯз ва ҳам барои садсолаҳои баъдӣ таъмин месозад». Чунин иброз доштааст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух АСРОРӢ  зимни як мақолае, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид гардид. 

Мириззатулло дар соли 1813 вазъияти сиёсии ҳамон қисмати Осиёи Миёнаро, ки бо он шиносоӣ дошт, ба тариқи зайл баён менамояд. Мовароуннаҳр «миёни ҳокимони ҷудогона, ки пуриқтидортарини онҳо подшоҳи Бухоро Мир Ҳайдар мебошад, тақсим гардидааст». Ҷои дуввумро аз ҷиҳати мақом амири Фарғона Умархон мегирад. Сеюмӣ волии Ӯротеппа Маҳмудхон аст. Пас аз онҳо беки Шаҳрисабз Ниёзалӣ меистад. Ӯ исман табааи Бухоро маҳсуб ёфта, аммо намегузошт, ки ба номи Мир Ҳайдар хутба хонда ва сикка зарб карда шавад. Сипас Мириззатулло ҳокимони Ҳисор, Қубодиён ва Қӯрғонтеппаро зикр менамояд. Дар соҳили чапи дарёи Аму мулки Хоразм воқеъ аст, ки ҳокими он Муҳаммад Раҳимхон мебошад. Дар Бадахшон Мирмуҳаммадшоҳ ҳукмронӣ мекунад. Шуғнон ҳам ҳокими худро дорад. Ва хотирнишон менамояд: «Ҳамаи ин ҳокимон бо ҳам намесозанд ва доимо дар ҷангу ҷидоланд».

Фарзонафарзанди миллат, арбоби бузурги сиёсию ҷамъиятӣ ва донишманди тавоно аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон»-и безаволи хеш бо истинод ба гузориши гумоштаи ҳамонвақтаи сиёсӣ ва роҳбари шабакаи ҷосусии Британия дар давлатҳои Осиёи Миёна Мириззатулло вазъи минтақаҳои тоҷикнишинро дар он замон ҳамин тавр ба қалам додааст. Он айёме буд, ки аморати Бухороро намояндаи чаҳоруми сулолаи манғития Мир Ҳайдар зери даст дошт. Қарни Х1Х оғоз шуда буд ва то ба ин давр тоҷикон дар сарзаминҳои сукунатдоштаи хеш боз чандин сулолаи дигари аҷнабиро пушти сар гузошта буданд.

Каме баъдтари китоб Бобоҷон Ғафуров ин навиштаҳои хешро хулоса мекунад: «Даврае, ки мо мавриди таҳқиқ қарор додаем, яке аз сахттарин давраҳои таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳамин давра байни давлатҳои мухталиф тақсим шудани халқи тоҷик анҷом меёбад. Бо таъсиси давлати Афғонистон қисми зиёди тоҷикон, ки аслан дар хоки Афғонистони кунунӣ иқомат доштанд, ба таври сунъӣ аз тоҷикони Осиёи Миёна ҷудо карда шуданд. Аксарияти тоҷикони Осиёи Миёна дар шаҳрҳои гуногуни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд, дар водии Фарғона, воҳаи Бухоро ва ғайра, дар мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии сарзамини Тоҷикистони ҳозира (Қаротегин, Дарвоз, Вахон, Шуғнон ва ғайра), миқдори ками онҳо дар шаҳрҳои хонии Хева ва давлатҳои хонии қазоқ (Авлиёато, Чимкент ва ғайра), дар Туркистон – дар давлати хоҷагони Қошғар (Қошғар, Хутан ва ғайра) сукунат доштанд. Дар шимоли Ҳиндустон ва Хуросони ба Эрон гузашта низ бисёр маҳалҳои тоҷикнишин мавҷуд буданд.

Ҳамин тариқа, дар миёнаҳои асри Х1Х вилоятҳое, ки тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна маскун буданд, ба ҳар мамлакат ва давлатҳои хонӣ пароканда гардиданд».

Минбаъд, аз соли 1866 сар карда, амир Музаффар, намояндаи дигари сулолаи манғитиҳо барои ба зери итоати худ даровардани бекигариҳои мустақил дар қисмати ҷанубу шарқи Осиёи Миёна амалиёти ҳарбиро роҳандозӣ мекунад. Нахуст ҳадафи ҳамлаи ӯ бекигарии Ҳисор қарор мегирад. Қӯшунҳои амир ҳудудҳои Қаршию Шаҳрисабзро ба худ такягоҳ карда, аз ҳамин ҷойҳо ба Бойсуну Деҳнав ҳамлавар мешаванд. Мири Ҳисор Абдулкарим – додхоҳ ба ҳуҷумҳои шадиди нерӯҳои амир тоб наоварда, дере нагузашта тамоми мулкҳои худро таслим мекунад ва назди Сарабек, мири Кӯлоб паноҳанда мешавад. Сарабек бошад, ба хотире, ки лутфу марҳамати амири Бухороро ба даст даровараду мулкҳояшро аз тасарруфи амир боздорад, Абдулкариму ҳамроҳонашро ба дасти истилогарон месупорад. Аммо ин хиёнат Сарабекро аз пешомади ногувор раҳо намебахшад ва ӯ низ маҷбур мешавад, ки аз чанги сипоҳиёни амир гурехта, рӯ ба Афғонистон оварад. Дар натиҷаи ҷангҳои паёпай амир Музаффар тамоми ҳудуди Тоҷикистони ҷанубии имрӯз, ҳамчунин, Қаротегину Дарвозро, ки таҳти нуфузи хонии Хӯқанд буданд, то соли 1875 ба худ тобеъ месозад. Мо медонем, ки ин вақт қисмати шимоли Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи ҳарбии Туркистон (империяи Россия) шомил буд ва дар бахши боқимондаи Бадахшон низ қӯшунҳои рус назорати вазъро дар ихтиёр доштанд. Давоми ҷангҳои истилокоронаи амир дар сарзаминҳои тоҷикнишин ҳазорҳо нафар одам ба ҳалокат мерасанд ва ошӯбҳои озодихоҳонаи мардуми маҳаллӣ ба муқобили маъмурияти дастнишондаи амири Бухоро солҳои минбаъда низ дар ин ё он гӯшаи аморат муттасил сар мезаданд.

Тоҷикон ба инқилоби октябрии Русия ва истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ дар маҳалҳои сукунати хеш, ана, дар ҳамин шароит омада расиданд. Гарчанде як халқу миллат буданд, як забону фарҳанг, як дин доштанд, аммо аз ҷиҳати сиёсӣ на ҳамеша бо ҳам муттаҳид буданд. Муддати садсолаҳои баъди давлати Сомониён, ки зодбумашон миёни сулолаҳои мухталифи аҷнабӣ муталошӣ мешуд, ҷудо аз якдигар ҳаёт ба сар мебурданд, дар ҳайати давлатҳои гуногун ва гоҳо бо ҳамдигар рақиб қарор мегирифтанд, аз ҷониби сардамдорони вақт ба ҷангҳои зидди якдигар кашида мешуданд. Бисёр ҳам воқеъ шудааст, ки берун аз часпу талошҳои замона, дур аз набардҳои хунини сулолавӣ, чун мулкҳои мустақилу ниммустақил, бо шоҳону ҳокимони маҳаллии хеш муддатҳои мадид зиндагӣ кардаву дар оби хеш ҷӯшидаанд.

Ҳукумати Шӯравӣ ба тоҷикон ҳадяи тақдир буд. Вай ба миллат ном дод. Дар ин хоку об то он замон бо номи «тоҷик», «ӯзбек», «туркман», «қирғиз» ва «қазоқ» миллат набуд, миллат «милати мусалмон» буд. Адолати таърихӣ пирӯз шуд. Тоҷикон ворисони аслии таъриху фарҳанги қадима ва пурғановаташон шинохта шуданд, ки дар ин эътирофу қадрдонӣ хизмати Садриддин Айнӣ, ин абармарди таърихи мо, дигар зиёиёну сиёсатмадор ва сиёсатшиносони равшанзамирамон бениҳоят калон аст. Сониян, Ҳукумати Шӯравӣ ба тоҷикон давлат дод. Вай қавми дар чанги сулолаҳои мухталифи хонӣ ва дар мулкҳои ҷудогона паҳну парешонгаштаро бо ҳам ҷамъ овард ва дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ – ин давлати бузурги федеративӣ барояшон ҷумҳурӣ дод. Дуруст аст, ки ҷумҳурии мазкур мисли ҳамаи дигар ҷумҳуриҳои миллии иттиҳод аз истиқлол маҳрум буд, аммо вай, зоҳирӣ ҳам бошад, бисёр унсурҳои давлатро дошт: конститутсия, парчам, ҳукумат, парламент ва амсоли инҳо. Тоҷикон давоми солҳои шӯравӣ дар ҳайати ҷумҳурии алоҳидаи хеш ба таври бесобиқа пеш рафтанд. Саноату кишоварзии ҳозиразамон ба вуҷуд оварда шуд. Нақлиёт, сохтмон, обёрии заминҳои хушк, бунёди иншооти энергетикӣ ва ғайра. Ҳамаи соҳаҳо рушд карданд. Сарзамин аз зиндагии асримиёнагӣ ба ҳаёти нав ҷаҳиши бузурге намуд. Дар соҳаи саводноккунонии аҳолӣ, рушди маориф, омӯзиши касбу ҳунар дастовардҳои назаррас ба миён омаданд. Омӯзиши амиқи таърих, забону адабиёти миллӣ як бахши муҳими таҳқиқоти илмиро ташкил медод. Адабиёту ҳунар дар ҳоли рушд буданд. Натиҷаи ҳамаи инҳост, ки тоҷикон дар ташаккули миллии хеш назар ба давраҳои пеш аз Ҳокимияти Шӯравӣ зинаҳои болотареро фатҳ намуда, чун миллат дараҷаи сифатан наверо ба даст оварданд. Эҳсосоти худогоҳию худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ пайваста тақвият меёфт.

Аммо бо вуҷуди он, надоштани давлати соҳибистиқлоли миллӣ дар ҳаёти мардуми мо беасар намонд. Ҷумҳурӣ ба ҳайати империяи сермиллате шомил мешуд, ки дар он русҳо соҳибдавлат буданд ва забони русӣ забони расмии давлатӣ маҳсуб меёфт. Мавқеву мақоми забони русӣ торафт қавӣ ва ҷойгоҳи забонҳои миллӣ маҳдуд мегардид. Назарияе роиҷ буд, ки забонҳои сернуфуз оҳиста – оҳиста ҷойи забонҳои камэътибортарро гирифта, онҳоро аз истеъмол берун мекунанд. Солҳои ҳаштодум, дар анҷуманҳои охирини ҳизбӣ ҷиҳати зуҳури умумияти нави таърихии одамон – халқи шӯравӣ ҳарф мезадагӣ шуданд, ки барои вай касби унсурҳои фаромиллӣ хос дониста мешуд. Равшан аст, ки манзур чӣ буд – русикунонии ҳадафмандонаи аҳолӣ, мунҳал сохтани ҳамаи миллату халқиятҳои ғайрирусӣ. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои ваҳдати миллӣ, ташаккулу рушди тадриҷии халқияту миллатҳои дар ҳайати ин иттиҳоди сермиллат қарордошта ба манфиатҳои стратегии давлат созгор набуданд ва муносибат бо ин масоил ҳамеша эҳтиёткоронаву шубҳаомез буд. Дар давлати коммунистӣ манфиатҳои синфӣ назар ба манфиатҳои миллӣ, албатта, агар гап дар бораи миллатҳои ғайрирусӣ бошад, ҳамеша мақоми аввалиндараҷа доштанд. Ҳангоми дахл кардан ба ин мавзуи «нозук», ҳатто, дар ҷузъитарин ҳолатҳо, тамғаи «миллатчӣ», «миллатчии буржуазӣ» — ро гирифтан кори душворе набуд. Ҷойи ҳайрат аст, бурди тақдир аст, ки дар чунин як шароит тоҷикон дар рушди миллиашон ба дастовардҳои бузурге ноил гардиданд ва ин, чуноне зикр шуд, танҳо ба туфайли талошу ҷонсупориҳои фарзандони дилсӯзи миллат, ононе, ки давраи мазкур дар сари гаҳвораи эҳёи тамаддуни нави тоҷикон қарор доштанд, имконпазир шудааст.

Вале пешравиҳои мазкур моро аз фоҷиаи миллӣ раҳо карда натавонистанд. Парокандагиҳои чандинасраи сиёсию иқтисодӣ, маҳрум будан аз давлатдории миллӣ оқибатҳои фалокатбори хешро ошкор сохта, тоҷиконро дар солҳои навадуми асри гузашта, давраи тақдирсози таърихӣ ба ҷанги байниҳамдигарӣ, ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ сохтанд. Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд. Ба ҷумҳуриҳои миллӣ мустақилият дода шуд. Мо ҷойи он, ки аз ин шароити мусоид истифода намуда, давлати соҳибистиқлоламонро соҳибӣ кунем, онро ба по рост созем, пеш аз ҳама, дар талоши ҳокимият афтодем, то луқмаи бештареро аз ин «хӯрдании лазиз» ба даст оварем. Ба ин хотир дар заминаи маҳал ҷамъиятҳо, гурӯҳу гурӯҳакҳо созмон ёфтанд, ҳизбҳои сиёсӣ рӯйи кор омаданд, ки заминаи онҳо низ дар бештари маврид маҳал буд. Баҳона демократия, ки нодуруст, ба маънои бебандуборӣ, белаҷомӣ, анархияву беқонунӣ фаҳмида мешуд. Манфиатҳои умумимиллӣ ба фаромӯшӣ рафтанд, Ватан, ваҳдати воқеии миллат, ҳифзи оромию осудагии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ дигар суханбозиҳое беш набуданд. Барои доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ вазъияти мусоиде фароҳам омад, ки чархи рӯйдодҳоро ба самти дилхоҳи худ тоб бидиҳанд, ҳанӯз, ки Тоҷикистон дар кашмакаши тасарруфи ҳокимият аст, идораи ин бесарусомониҳоро ба даст дароваранду низоми исломиро дар сарзамини навистиқлоли тоҷикон рӯйи кор созанд. Бо чӣ қиммате, ба ивази куштори ҳазорон нафар мардум, ба ивази харобиҳо, қаҳтию гуруснагӣ? Барои онҳо ин чизҳо аҳамияте надоштанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки бо собиқаи зиёди пинҳонкорӣ худро ҳамакнун ба ҷомеа муаррифӣ мекард, кӯмакҳои моддию маънавӣ намуда, силоҳи иҷрои ҳадафҳои муғризонаашон қарор доданд.

Дар бораи воқеоти он рӯзҳои шуми соли 1992, намоишҳои эътирозии тӯлонӣ, задухӯрдҳои мусаллаҳонаи аз пайи онҳо шурӯъшуда, дар бораи ҷанги бемаънии қариб панҷ сол идомаёфтаи Тоҷикистон, фавту дарбадарии ҳазорон нафар мардум, харобиҳои ҷанг бисёр навиштаанд ва лозим намедонем, ки он гуфтаҳоро дигарбора такрор кунем. Танҳо зикри як нукта муҳим ба назар мерасад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 23 сол муқаддам, рӯзи 27 июни соли 1997 бо талошҳои пайгиронаи давлатмарди тавоно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гуфтушунидҳои чандинсола имзо шуд, на фақат ҷанги бемаъниро дар Тоҷикистон хотима дод, на фақат оштии миллиро асос гузошт, балки он барои миллати мо оғози роҳи бузурги ваҳдат низ мебошад, ки рӯз ба рӯз вусъати бештаре мегираду рушду таҳким меёбад. Беҳуда нест, ки мо ин ҷашнро бо пешниҳоди Сарвари давлатамон Рӯзи ваҳдати миллӣ унвон гузоштаем ва имрӯз дар арафаи таҷлили навбатии он қарор дорем.

Худатон мулоҳиза кунед. Дигаргуниҳои баъди барқарории сулҳ дар кишварамон воқеъгардидаро пеши рӯ оред. Таъсиси Ҳаракати сартосарии ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, таъсиси Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъсиси Кумитаи давлатии рушди маҳалҳо. Рушди бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти кишвар. Тавассути роҳҳои ҳозиразамони нақлиётӣ ва шабакаҳои барқ бо ҳам доимӣ васл шудани ҳамаи минтақаҳои мамлакат. Таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодию хоҷагии байни маҳалҳо. Ташаккули бозори умумимиллии молу маҳсулот. Инҳо аз он падидаҳои неки замони моанд, ки на дар айёми шӯравӣ, на дар давраҳои қабл аз он вуҷуд доштанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» — хеш вазъи иқтисодию иҷтимоии мардумамонро дар асри Х1Х таҳлил карда, навишта буд, ки он вақт, зиёд бошанд, бозорҳо дар миқёси як вилоят ташаккул ёфта буданд. Давраи шӯравӣ низ мо пешравии чандоне надоштем, зеро робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ на дар асоси манфиати ҷумҳурию миллатҳои ҷудогона, балки дар асоси манфиатҳои фаромиллию умумидавлатӣ ташаккул дода мешуданд.

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо метавон гуфт, ки ваҳдати имрӯзаи миллии мо гаронбаҳотарин дастоварди миллат дар тӯли таърихаш аст, ки гарави истиқлоли бегазанди кишвар буда, рушди босуботи миллиамонро ҳам барои имрӯз ва ҳам барои садсолаҳои баъдӣ таъмин месозад. Дар ҳақиқат, чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр сохтаанд, «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

Июнь 24, 2020 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»