15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Июль 2, 2020 18:01

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рафти таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2019, №551 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42, таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода  мешавад.

Мутобиқи қарор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 то 13 июли соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур месозад.

Июль 2, 2020 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз ёфт
Дар Душанбе масъалаи ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёӣ иштирок менамоянд, мулоқот намуданд
Дар Душанбе вобаста ба коҳиши қоидавайронкуниҳои ҳаракати нақлиёт созишномаи нав имзо шуд
ТАВАҶҶУҲ! Аз 15 сентябр то 25 декабр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе қатъ мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Аз 12 то 14 сентябр дар пойтахт мусобиқаи варзишӣ оид ба гандбол доир мешавад
ГУЛҲОИ ДУШАНБЕ. Дар гулгаштҳои пойтахт то имрӯз 15 миллиону 947 ҳазору 307 дона гул шинонида шудааст
32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи «Марям Зиёева»-ро ифтитоҳ намуданд
Аз 1 сентябр шумораи мусофирон зиёд мегардад. Нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин давра чи гуна омодагӣ гирифтааст?