20 июл Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 июли соли равон дар мамлакат дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оғоз мегардад. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои номбурда, дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» дар чор марҳила дар алоҳидагӣ байни варзишгарони касбӣ (дорандаи дараҷаи 1-и варзишӣ, НУВ ва дигар унвонҳои варзишӣ) ва дӯстдорони варзиши шоҳмот (бе дараҷаҳои варзишӣ то дараҷаи 2-и варзишӣ) баргузор мегардад.
Марҳилаи интихобии якум аз 20 июл то 31 август дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, марҳилаи интихобии дуюм аз 1 то 30 сентябр дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум, марҳилаи интихобии сеюм аз 1 октябр то 6 ноябр дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад, марҳилаи (ниҳоӣ) чорум аз 11 то 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо гузаронида мешавад.
Дар рӯзи аввали оғози марҳилаҳо баҳри оммавияти ин намуди варзиш Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот таҳти унвони «Варзиши дастрас» баргузор карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқа аз рӯи се категорияи синну солӣ — наврасони то 14 сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30 сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30 сола боло (мардон ва бонувон) доир мегардад. Маблағи умумии ҷоизаҳо 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Боиси хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат муҳайё мегардад.
Бояд зикр кард, ки дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард. Бозии шоҳмот натанҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад.Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






