Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм: аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ шакли муҳими хизматрасонӣ дар раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, дар шашмоҳаи аввали соли равон тибқи нақшаи корӣ аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ, аз ин 12 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, 8 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 11 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пешбинӣ шуда буд. Вале бинобар хуруҷи бемории коронавирус Агентӣ натавонист назоратро дар ин самт амалӣ намояд. Аз ин рӯ дар нақша дорем, ки бо оғоз гардидани соли нави хониш нақшаи кори аттестатсиониро иҷро намоем.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод
«Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти давлатии назоратӣ дар самти аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмўӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ 3884 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо фарогирии 2 033 900 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки сол ба сол зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таълимӣ сабаби дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, аз қабили аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмўӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии давлатии дорои мақоми маҳаллӣ ба миён омадани як зумра мушкилот гардид»,-афзуд номбурда.
Шоҳин Саидзода зикр намуд, ки дар зарфи ним соли фаъолият аз ҷониби Агентӣ барномаҳои аттестатсионӣ ва аккредитатсионӣ, дастурамалҳои вазифавӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ омода гардид.
«Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Агентӣ иҷозатномадиҳӣ маҳсуб ёфта, вобаста ба ин, дар нимсолаи аввал 20 муроҷиати муассисаҳо ҷиҳати дарёфти иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият мавриди ташхис қарор дода шуд»,-илова кард директори Агентӣ.
Зикр гардид, ки сохтори Агентӣ аз роҳбарият, 3 раёсат, 2 шуъба, 3 бахш, раёсат ва шуъбаҳои он дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ иборат аст. Агентӣ ҳамчун ниҳоди нави назоратӣ дар соҳаи маориф ва илм ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат дар ин самт фаъолият намуда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта, фаъолияти худро дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли равон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Тибқи банди 2 фармони мазкур Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардида буд, ки дар муддати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳавиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли равон Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Агентӣ тасдиқ карда шуданд.








ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд






